Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кимёгарони навраси тоҷик Амрикоро тасхир карданд


Дар акс Хурсанд Ёров хатмкардаи мактаби "Ҳотам ва ПВ" зимни ба даст овардани ҷоиза дар озмуни байнулмилалӣ дар соли 2008
Дар акс Хурсанд Ёров хатмкардаи мактаби "Ҳотам ва ПВ" зимни ба даст овардани ҷоиза дар озмуни байнулмилалӣ дар соли 2008

Дастаи мунтахаби мактаббачагони Тоҷикистон, дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни кимиё, ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти муттаҳидаи Амрико баргузор гашт, сазовори як медали тилло ва 2 биринҷӣ шуданд.

Дар олимпиадаи мазкур, ки аз 21-ум то 30-юми июли соли равон ҷараён дошт, 4 нафар толибилм, аз литсейҳои тоҷикию туркии кишвар ва гимназия-интернати русию тоҷикии «Ҳотам ва ПВ» Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Ба гуфтаи масъулини соҳаи маориф, дар чунин озмуни бонуфузи байналмилалӣ аз фанни кимиё соҳиби медали тилло шудани толибилмон, дар даврони истиқлолияти кишвар рӯйдоди беназир аст.

Аммо мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар чунин озмунҳои фаннии ҷаҳонӣ аксаран толибилмони ин ду муассисаи таълимӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд ва натиҷаҳои хуб ҳам ба даст меоранд, дар ҳоле, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи литсею гимназияҳо хеле зиёданд.

Улуғбек Баротов, муҳассили литсейи тоҷикӣ-туркии пойтахт бо ишғоли ҷойи аввал ва ба даст овардани медали тилло дар олимпиадаи байналмилалии фанни кимиё дар Вошингтони Амрико обрӯ ва ҷойгоҳи Тоҷикистонро байни 78 давлати дунё боло бурд.

Дар баробари ин номи Улуғбек дар саҳифаҳои таърихи соҳаи маорифи кишвар ҳамчун аввалин барандаи медали тиллои олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни кимиё дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ ба таври ҳамешагӣ сабт шуд. Худи Улуғбек мегӯяд, ӯ ҳарчанд маротибаи шашум аст, ки дар чунин олимпиадаҳо ширкат мекунад, вале озмуни навбатӣ барояш хеле мушкил буд, зеро дар он бештар аз 250 нафар толибилм барои ҷойи аввал талош варзида, рақобати шадиде эҷод шуд. Аммо кӯшишу муборизаҳои пайвастаи Улуғбек, ӯро дар ин сабқат дастболо кард. Вай гуфт, «мазӯъҳоеро, ки дар ин олимпиада донистан ҳатмист, ҳамаашро хонда, ҳал намудам. Ҳамаашро бо тамоми ҷузъиёташон омӯхтам. Ин буд, ки ба ман муяссар гардид, то аз назария баҳои баланд гирам. Таҷрибаро низ пеш аз иштирок дар озмун, хуб аз бар кардам ва дар ин самт ҳам муваффақ шудам».

Ин ҳам дар ҳоле, ки феълан Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскави ба номи М.В. Ломоносов омода аст, Улуғбекро бидуни имтиҳони дохилшавӣ барои идома додани таҳсил қабул намояд. Вале Улуғбек мехоҳад дар яке аз донишгоҳҳои Амрико бо забони англисӣ таҳсил намуда дониши хешро фаррохтар созад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони болаёқат ва шоистаи Вазорати маорифи Тоҷикистон дар панҷ соли охир толибилмони тоҷик аз ҷиҳати ширкат дар олимпиадаҳои фанниву лоиҳавии ҷаҳонӣ хеле фаъол гардида, сол то сол натиҷаҳои хубтареро соҳиб мешаванд. Аз ҷумла ба иттилои масъулони ин марказ, агар дар соли 2008 муҳассилини тоҷик дар ин озмунҳо 42 медалро ба даст оварда бошанд, пас ин нишондод танҳо дар 7 моҳи соли 2012 ба 121 адад расидааст. Раиси Маркази мазкур, Шокир Гадоев зимни сӯҳбат ба РО гуфт, ки ширкаткунандагони ин озмунҳо асосан ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявианд. Ӯ афзуд, «тибқи низомномаи олимпиадаи фаннӣ, баъд аз баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мо аз ҳисоби ғолибон як даври интихобӣ, яъне "отборочний тур" мегузаронем».

Аммо мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар чунин олимпиадаҳои байналмилалӣ асосан толибилмони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ ва гимназия-интернати русӣ-тоҷикии «Ҳотам ва ПВ» иштирок мекунанд.

Барои мисол, дар соли хониши 2011-2012 агар толибилмони тоҷик дар озмунҳои ҷаҳонӣ 121 медал ва 1 гран приро соҳиб шуда бошанд, аз ҳамин шумораи 85-тои он ба шогирдони литсейҳои тоҷикию туркии кишвар мутааллиқ аст.

Дар ин робита Абдуҷаббор Алиев, намояндаи вазорати маорифи Тоҷикистон дар Раёсати литсейҳои тоҷики- туркӣ гуфт, ки байни литсейҳои зикргардида ва мактабу гимназияҳои дигари ҷумҳурӣ аз ҷиҳати банизомгузории ҷараёни таълим тафовути калон вуҷуд надорад. Зеро нақшаи таълими тамоми ин муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби як сохтор-вазорати маориф тасдиқ карда мешавад. Ба ақидаи ӯ инҷо низоми таълим нақши муҳимро мебозад. Вай гуфт, «ҳар як мактаби мо хонандагони болаёқату қобилиятнок дорад. Фақат қобилияти хонандаро бедор кардан даркор. Минталитети хонандаи тоҷик бисёр баланд аст. Танҳо онро ҷустуҷӯ намуда, роҳи бедор намудани онро бояд ёфт. Ин заҳмати калонро ҳам аз тарафи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва ҳам омӯзгорон талаб мекунад».

Аммо Абдуфаттоҳ Ҳотамов, роҳбари гимназияи русӣ - тоҷикии «Ҳотам ва ПВ», омили асосии муваффақияти литсею гимназияи номбурдаро дар ин мебинад: «Бояд адабиётҳои зарурӣ муҳайё бошанд. Интернет ҳатман бошад. Устодони хуб бошад. Ҳамин муҳити меҳрубонию накӯкорию озодона фикркунии ҳамон бачаҳо эҷод шавад агар, албатта натиҷаи саводандӯзии онҳо беҳтар мешавад».

Аммо соҳибназарони умур дар ин самт назари дигар дорад ва мегӯяд, на ҳама мактабҳои ҳамагонӣ аз имкониятҳои муоссири фановариву технологӣ, назири компутерҳо ба шабакаи ҷаҳонии интернет васлбуда, бархӯрдоранд.

Ба ин далел ин соҳибназарон мегӯяд, дар асри ҷадид, ки асри технология аст, донишомӯзи мактаб низ бояд ҳамқадами замона бошад, то тавонад бар иловаи донише, ки аз китоб мегирад, тавассути интернет саводи худро ғанӣ гардонад. Аз сӯи дигар соҳибназарон, дар рушди дониши шогирдон ҳирфавияти омӯзгоронро низ муҳим мепиндоранд. Зеро ба таъкиди онҳо бо вуҷуди он ки омӯзгорон соҳибмутахассис аст, аммо мактабро канор гузошта ва муассисаҳои таълимиеро ихтиёр мекунанд, ки дорои маоши баландтаре бошад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Эстония аз фанни технологияҳои информатсионӣ олимпиадаи умумичаҳонӣ баргузор мегардад, ки тими Тоҷикистонро дар ин озмун, боз ҳам чор нафар шогирдони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ ва гимназияи Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG