Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бадахшон: "24 июл дигар такрор нахоҳад шуд"


Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим рӯзи шанбе дар мулоқот бо фаъолони Хоруғ гуфт, амалиёти шабеҳи 24 июл дигар такрор нахоҳад шуд, балки афроди гумонбар дар қатли генерал Абдулло Назаров бо роҳҳои оперативӣ ҷустуҷӯ хоҳанд шуд. Раиси вилоят гуфт, онҳое ки ягон ҷинояти сангин накардаанд ва силоҳи худро месупоранд, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳанд шуд. Амалиёти низомӣ дар Хоруғ, ки бо талаби супурдани гумонбарони қатли генерал Назаров оғоз ёфт, мунҷар ба ҳалокати қариб 70 нафар шуд. Рӯзи шанбе ҷасади як афсари ОМОН, ки дар ҷангҳои 24 июл ҷон бохтааст, аз соҳили ҷониби Афғонистони рӯдхонаи Ғунд пайдо шудааст.
XS
SM
MD
LG