Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати телефонии Ҳомид Карзай бо Эмомалӣ Раҳмон


Руасои ҷумҳури Афғонистон ва Тоҷикистон субҳи якшанбеи 5-уми август сӯҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Дар хабарномаи Дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон омадааст, ки “ҳарду ҷониб рӯи авзоъи минтақа, амнияти сарҳадот ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф табодули назар намуданд.”

Ин дуввумин гуфтугӯи телефонӣ миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай дар ду ҳафтаи ахир ва аз оғози нооромиҳо дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мебошад.

Баъди шурӯи амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ, президент Раҳмон дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай роҷеъ ба вазъи Бадахшон ва хатароти эҳтимолии убуру мурури марзи муштарак аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи тоҷик радду бадал карданд.

Ҳомид Карзай баъд аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ нахустин раҳбари хориҷие буд, ки бо Раҳмон дар тамос шуд ва пешниҳоди кӯмак кард.

Ба дунбол, рӯзи 25 июл Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон ба Душанбе омаданд ва бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвияти амниятии марзи ду кишвар, ба вижа дар вилояти Бадахшон сӯҳбате анҷом доданд.

Раҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд.
XS
SM
MD
LG