Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дастони боматонати ту сангро шикаст..."


Он шом гӯё ҳама Тоҷикистон гирди як “оинаи нилгун” ҷамъ омада буд.

Ва шояд бори аввал дар чанд соли ахир марду зан ва пиру ҷавон на аз ноилоҷӣ, балки бо амри дил чашм ба шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дӯхта буданд. Изтироб, ҳаяҷон, умед... Ва ягона номе, ки он лаҳза вирди забонҳо буд: Мавзуна. Мавзуна Чориева, тоҷикдухтаре, ки баъд аз пирӯзии аввал дар Бозиҳои олимпӣ ба “Гурдофариди сонӣ” табдил шуд, он рӯз дар Лондони дур бо беҳтарин муштзани ҷаҳон Кэтӣ Тейлор барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии қувваозмоиҳо оид бо бокс вориди сабқат мешуд.

Зебуннисо Рустамова, нахустин духтари тоҷике, ки дар бозиҳои олимпии соли 1976 дар шаҳри Монреал дар бахши камонварӣ нишони биринҷиро соҳиб шуда буд, мегӯяд, вақте ба таксӣ менишаст, ронанда сабаби шитобашро суол кард ва чун шунид, ки ӯ мехоҳад ҳарчӣ зудтар ба хона расида бозии Мавзунаро тамошо кунад, лабханд заду гуфт, ки ӯву дигарон ҳам мухлисони Мавзунаанд ва намехоҳанд аз тамошои набардаш бо Тейлор бенасиб монанд.

Аз ин пеш Мавзуна аз болои муштзани чиноӣ Ченг Донг, ки аз ӯ як сару гардан баландтар буд, пирӯз шуд ва нахустин нишони олимпӣ барои тими Тоҷикистонро ба даст овард. Пирӯзии навбатӣ роҳро барои дарёфти нишони тиллои олимпӣ боз мекард.

Аммо Кэтӣ Тейлор, қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, садди ин роҳ шуд – ҳарчанд набард дар ринг тақрибан баробар гузашт, доварон ба муштзани ирландӣ холҳои бештар доданд.

Зимнан, доварон ва онҳое, ки дар толори бузург ва ё аз телевизион ин набардро тамошо мекарданд, намедонистанд, ки китфи рости Мавзуна осеб дидааст ва ӯ
маҷбур буд фақат бо дасти чап “кор” кунад. Инро худи Мавзуна баъд аз анҷоми набард иқрор кард: “Дастам баромадагӣ буд, дастамро бардошта наметавонистам пеш аз набард. Вале вақте варзишгар дохили ринг шуд, бояд дардро фаромӯш кунад. Ман фикри дастамро накардам”

Ҳарчанд Мавзуна дар набард бо Тейлор ноком шуд, маълум буд, ки рӯҳаш нашикастааст. Дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ чанд лаҳза баъд аз анҷоми набард бо Кэтӣ Тейлор ӯ гуфт, ки “аз тарафи доварон ноодамӣ шуд. Ман бой додам, намегӯям, ки дастболо шудам, вале баҳои бештарро ба ӯ духтар доданд. Барои ҳамин, каме нороҳат ҳастам. Валекин, иншооллоҳ, дар Олимпиадаи дигар ман ба ин духтар нишон медиҳам! Ваъда медиҳам, ки дар Олимпиадаи дигар тилло мегирам. Имрӯз бой додам, вале нишон додам, ки мисли “булочка” бой надодам."

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати варзишгарону мураббиёни кишвар дар Бозиҳои олимпии Лондон мегӯяд, ки Мавзуна чун дасти росташ осеб дида буд, метавонист аз сабқат бо Кэтӣ Тейлор сарпечӣ кунад. Барои ин касе маҳкумаш намекард, ба вижа, ки аллакай нишони биринҷиро соҳиб шуда буд. Аммо, меафзояд Маликшо Неъматов, Мавзуна набардро интихоб кард ва гуфт, ки «Ака, мезанем, ҳеҷ мушкилӣ надорад!»

Ва шояд аз ин рӯст, ки нишонии биринҷии Мавзуна қимати нишони тиллоро дорад.

...Ҳамагӣ се сол пеш, вақте, ки Мавзуна баъд аз даргузашти падараш дар Маскав, ба Тоҷикистон баргашт, ӯро тақрибан касе намешинохт. Дар Русия ӯ аллакай дар қувваозмоиҳо миёни наврасон ширкат мекард ва ба истилоҳ «харидорони зиёд» дошт. Шояд ҳоло баъзе аз мураббиҳои рус аз он, ки барои дар Маскав мондани Мавзуна пойфишорӣ накарданд, пушти даст мегазанд. Ду сол баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон Мавзуна Чориева қаҳрамони Осиё шуд ва моҳи майи соли равон дар сабқати ҷаҳонии бокс миёни занон дар Чин соҳиби нишони биринҷӣ гардид. Зимнан, дар Чин низ маҳз Кэтӣ Тейлор садди роҳи Мавзуна барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Ва аммо кадом хислатҳои Мавзуна ӯро то ба арши қуллаи варзиш бурданд. Маликшо Неъматов, ки тайи се соли ахир шоҳиди бурду бохтҳои Мавзуна буд, мегӯяд, ки иродаи қавӣ, заҳмати зиёд ва ҷавонмардӣ... бале маҳз ҷавонмардӣ
омилҳои асосии комёбиҳои Мавзунаанд. «Ман мутмаинам, ки ҷавонмардӣ ҷинс надорад ва бисёр вақт ба варзишгарон мегӯям, ки хислатҳои ҷавонмардиро онҳо бояд аз Мавзуна омузанд”, мегӯяд Маликшо Неъматов.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи масъули бахши варзиши Тоҷикистон, барои Мавзуна “нолидан”, яъне, шиква кардан бегона аст. Ӯ ҳамеша аз Худованд ва аз атрофиён шукргузор аст, ба вижа аз мураббиёнаш. Баъд аз пирӯзӣ аз болои Ченг Донг ӯ дар ринг ба зону зад ва шукри Худованд гуфт ва сипас падари бузургворашро ёд овард, ки мехост духтарашро қаҳрамони ҷаҳону Бозиҳои олимпӣ бубинад.Вақте, ки Мавзунаро бо нишони биринҷӣ табрик мекарданд, мегуфт, бояд мураббияш Шамсиев ва ҳамдастааш муштзани тоҷик Анвар Юнусовро, ки ин рӯзҳо дар паҳлӯяш буд, табрик гӯянд, зеро ғалабаи ӯ натиҷаи заҳматҳои онҳост ва агар мураббияш намебуд, шояд ҳамон як муштзани нимахоми дар сатҳи кишвар боқӣ мемонд.

Ва боз як хислати неки Мавзуна, аз нигоҳи Маликшо Неъматов, самимияти ӯст ва “бо ҳама ҳамдастаҳояш бародарвор ва бо эҳтиром муносибат мекунад. Ҳамин чизҳо сабаб мешавад, ки кас воқеъан Кас мешавад, вагарна баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки аз як дастоварди хурдакак вонамуд мекунем, ки дунёро гирифтем”.

Маликшо Неъматов мегӯяд, ки Мавзуна номуси хоси тоҷикӣ дорад. Вақте баъд аз набард хабарнигорон аз ӯ суол карданд, ки толор моломол аз ирландиҳо буд, оё ин ба ӯ таъсире накардааст, Мавзуна ҷавоб дод, ки “дар ин ҷо чӣ қадар одам буд, панҷ ҳазор ё даҳ ҳазор? Ман дар пушти худ ҳузури ҳашт миллион нафарро эҳсос мекардам”.

Набарди ахири Мавзуна, бо вуҷуди бохташ, ҳамаро мафтун кард. Ҳатто рақибонашро. Кэтӣ Тейлор дар мусоҳиба бо рӯзномаҳову шабакаҳои телевизионӣ эътироф кард, ки Мавзуна барояш ҳарифи нобоб аст ва набард бо ӯ хело вазнин
мегузарад. Пит Тейлор, падари Кэтӣ, ки мураббии ӯ ҳам ҳаст, Мавзунаро ҳарифи хатарнок номид ва аз ҳаракатҳои чусту чолоконаи ӯ ситоиш кард. Ӯ ба расонаҳои ғарбӣ гуфт, ки сабқати Мавзуна бо муштзани чиноӣ Ченг Донг ӯро дар ҳоли шак қарор дод, зеро Мавзуна аз болои муштзане пирӯз шуд, ки қадаш 17 сантиметр баландтар буд. Зимнан, ба гуфтаи Маликшо Неъматов, эҳсос мешуд, ки Пит Тейлор ба Мавзуна, ҳарчанд ӯ рақиби духтараш буд, нигоҳи меҳрубононаву падарона дорад ва ҳатто вақте Мавзуна зарбаи хуб мезад, ба нишони “офарин!” нарангушташро боло мекард.

Дар бозии чаҳорниҳоӣ бо Ченг Донг, шореҳи телевизиони Русия аз ибтидо мегуфт, ки Мавзуна шонсе барои пирӯзӣ надорад, зеро қади Донг баландтару дастҳояш дарозтаранд. Аммо бозии Мавзуна ӯро маҷбур сохт то дар поёни набард назарашро дигар кунад. Дар бозӣ бо Кэтӣ Тейлор бошад, ин ё шореҳи дигари ҳамон шабакаи телевизионӣ аз ҳаракатҳои Мавзуна ба ваҷд омад ва бо эътирофи ҳунари ӯ такрор мекард, ки “ин тоҷикдухтар ба ман писанд омад!” Аҷаб нест, ки ҳазорон нафари дигар дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳам баъд аз тамошои набарди Мавзуна бо Кэтӣ Тейлор бо ӯ ҳамовоз шуда бошанд: “ин тоҷикдухтар ба ман писанд омад!”
XS
SM
MD
LG