Сафири Тоҷикистон дар Белорусия ин нуқтаро, ки гӯё ҳадафи амалиёти низомии ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшон «поксозии этникӣ-мазҳабӣ» будааст, шадидан рад мекунад ва онро «дасисаи расонаҳо» арзёбӣ менамояд.
Қозидавлат Қоимдодов дар муроҷиатномаи худ, ки «Сафобахши дилҳои ҳамдигар бошем» унвон дорад ва онро рӯзи ҷумъа Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон интишор додааст, зикр мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои тамоми сохторҳои мазҳабии мусулмонои шиаи исмоилӣ роҳи васеъ кушодаст ва дар шаҳри Душанбе калонтарин Маркази исмоилия дар Осиё фаъолият дорад.
Ҷаноби Қоимдодов таъкид мекунад, ки Аълоҳазрат Оғохони чаҳорум дар муроҷиати навбатии худ ба Шӯрои миллии ҷамоати Тоҷикистон муридони худро ба оромӣ даъват намуда, ҳалли қазияи Хоруғро салоҳияти сохторҳои давлатӣ донистааст.
Зимнан, Қозидавлат Қоимдодов, аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон изҳори итминон мекунад, ки ҳатман афроди дастандаркор, ки омили бурузи ҳаводиси Хоруғ шудаанд, бо шумули ҷинояткорон ва қонуншиканҳоро ба ҷазо хоҳад кашид.
Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон «ба вазиру генералҳо ва ашхоси мансабдори қонушикан» имтиёз нахоҳад дод, ки вазъро хароб кунанд.
Дар ин муроҷиатнома Қозидавлат Қоимдодов, ҳамзамон ба гурӯҳи 20-нафараи Хоруғ, ки дар халъи силоҳ саҳм гузоштанд, арзи сипос мекунад.
Дар муроҷиат ҷаноби Қоимдодов ҳамчун фарзанди Бадахшон аз тамоми гурӯҳҳо ва силоҳбадастон илтиҷо мекунад, ки дар тафоҳум бо сохторҳои қудратӣ сулҳу оромиро дар Бадахшон таъмин намоянд.