Баъд аз зиёфату холӣ шудани ду шиша арақ маросими номгузорӣ шурӯъ мешавад ва соҳиби хона мегӯяд, ки чун духтараш дар рӯзи ид ба дунё омадааст, бояд ба ӯ номи сазовор гузоранд.
- Хайр, дар ид таваллуд шуда бошад, номаш бояд Идигул бошад-да...
- Не, - розӣ намешавад соҳиби хона, - духтари аммаи рафиқ занак Идигул ном дорад...
- Идимоҳ чӣ, номи хуб аст, ба фикрам...
- Э, ин ном ҳам забонзада ва он қадар маъқул не... –эътироз мекунад падари тифли навзод.
- Идирӯз чӣ... ҳа, не, ин хел ном нест,- пушти сар хорида мегӯяд Аҳмадшоҳ, Идгардак ҳам, ба фикрам, ба шумо маъқул намешавад-а...
- Конешна, маъқул намешавад, - садо баланд мекунад модари тифли навзод, - ин ном не-ку... Баъд, духтарама ҳама “як гардак” гуфта масхара кунанд-мӣ...
- Хайр, як номи баҷоии дигар ҳам дорам, лекин маъқул мешуда бошад? –андешамандона мегӯяд Аҳмадшоҳ.
- Чӣ ном? – бо як овоз мепурсанд волидайни навзод
- Идикчёрту!- бо виқор посух медиҳад ӯ.