Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷавонони Бадахшон" мудохилаи президент Раҳмонро ба рӯйдодҳои Хоруғ тақозо кардаанд


Ин муроҷиатнома дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

Дар Интернет муроҷиати гурӯҳе бо номи “ҷавонони вилояти Бадахшон” ба унвонии президенти Тоҷикистон нашр шудааст. Ин гурӯҳ, ки аз хушунатҳои ахири вилоят изҳори ташвиш мекунад, аз президент Эмомалӣ Раҳмон мудохилаи мустақим ба ҳодисаҳои ахири Бадахшонро ба хотири ба эътидол овардани вазъ тақозо кардааст.

Дар ин муроҷиатнома омадааст, ки баъди ҳаводиси 24 июл “умеди барпо шудани сулҳу субот” дар кишвар то рафт камтар мешавад. “Ҷонибҳо ба музокира пардохтанд. То таърихи 10 август ҳеҷ як шарти созишнома аз ҷониби, ба истилоҳ, фармондеҳон, вайрон нашуд ва сокинони маҳаллӣ ҳам бо ҳукумат дар ҳама самт ҳамкорӣ мекарданд”, омадааст дар ин матн. Вале, ба қавли муаллифони ин муроҷиатнома, ҳодисаи тирборон шудани мошини сокинони мулкӣ ва ҳалокати ду нафару ҷароҳати ду фарди дигар дубора мояи нигаронӣ аз амният шудааст.

Куштори Имомназар Имомназаров, “як ҷонибдори ҳалли сулҳомези низоъ” ва шахсе, ки бо хости худ силоҳашро супурдааст, ба қавли ҷавонони Бадахшон, метавонанд сабаби тавсеаи хушунатҳо ва қурбонии бештар дар миёни мардум ва ҳам сарбозони ҷавон шавад. “Ин ҳама на танҳо сулҳи Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказиро ба ҳам мезанад”, ҳушдор додаанд муаллифони муроҷиатнома.

Дар муроҷиат ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонони Бадахшон хостаанд, ки бо истифода аз таҷрибаи хатми ҷанг дар Тоҷикистон бо роҳи созишу музокирот, ин навбат ҳам ба хатми низоъ дар Хоруғ ва ба эътидол овардани вазъ мусоидат кунад. “Мо аз шумо тақозо мекунем, ки ба вазъи начандон соддаи имрӯза мудохила кунед, чунки мутмаин ҳастем, ки як ҷараёни халалдорсозии амнияти кишвар аз ҷониби нирӯҳои сеюм ба роҳ монда шудааст”. Дар ниҳояти ин матн пуштибонии ҷавонони Бадахшон аз талошҳои эҷоди сулҳ дар ин вилоят баён шудааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин пайғом ба дасти президенти Тоҷикистон расидааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG