Барканоршавии ҳукумати Қирғизистон баҳсҳои дохилии чор ҳизби эътилофи ҳокими Қирғизистонро амиқтар мекунад. Бисёре аз аъзои ин эътилоф сарвазири 42-солаи Қирғизистон Омурбек Бабановро бо фасод, ноӯҳдабароӣ дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва доштани иртибот бо созмонҳои шубҳабарангез муттаҳам мекунанд.
Бабанов соҳибкори муваффақест, ки ба сиёсат рӯ овардааст. Ӯ аспсавориро дӯст дошта, дар яке аз фермаҳои давлатии асппарварии минтақаи Чолпон-Ота тахминан даҳ асп дорад. Ӯ таъкид мекунад, ки бо роҳҳои қонунӣ аз як соҳибкори турк ба маблағи 20 000 доллар аспи англисии Айлендери 1 (Islander One)-ро харидорӣ кардааст.
Ба қавли Бабанов, ин аспи панҷсола дар моҳи апрел ба Қирғизистон оварда шудааст. Хадамоти гумруки Қирғизистон ҳам ин маълумотро тасдиқ мекунанд, ки соҳибкори турк Хункар Адалӣ аспро тибқи қонун ба Қирғизистон ворид намуда, тамоми маблағи заруриро пардохтааст. Адалӣ, раҳбари ширкати сохтмонӣ, буда, дар бунёди бурҷи нави назорати парвозҳо дар фурудгоҳи Бишкек саҳм дорад.
Баҳори соли равон Адалӣ Айлендери 1-ро дар як пойга номнавис кард. Ин асп сабқатро дар ҷои дуюм ба охир расонд, вале дар ин байн аз пояш ҷароҳат бардошт. Ба гуфтаи наздикони Бабанов аз ҳизби Республика, баъд аз ҷароҳати асп Адалӣ аз Айлендери 1 халос шуданӣ буд ва сарвазир аспро харид.
Аммо мухолифони Бабанов ин суханонро қабул надоранд. Ба назари вакилони мардумӣ аз ҳизби Ота-Макон, нархи воқеии Айлендери 1 дар бозори ҷаҳонӣ аз 500 ҳазор то якуним миллион долларро ташкил медиҳад. Пайравони Бабанов мегӯянд, онҳо ҳозиранд, аспро ба ҳамон 20 ҳазор доллар бифурӯшанд ва бигзор ҳамон мухолифин кӯшиш кунанд, ки баъдан аспро ба миллион доллар фурӯшанд.
Ба расонаҳои хабарӣ роҳ ёфтани ин муноқиша ва муҳаббати Бабанов ба асппарварӣ ба мавқеи сарвазири қирғиз дар назди мардум зарба зад. Бабанов дар моҳи декабр сарвазир интихоб шуда буд. То ин замон ӯ ва ҳизби Республикаи пуштибон аз соҳибкорон аз меҳру муҳаббати хоси райъдиҳандагони қирғиз баҳраманд буд. Ширкати фаъоли ин сиёсатмадори хатмакардаи донишгоҳи Маскав дар баҳсҳои телевизиониву матбуот ҳатто нақши президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро коҳиш дода буд.
Акнун суол ин аст, ки чӣ гуна Бабанов зиёни аз аспи англисӣ расидаро бартараф намуда, дубора ба по хоҳад хест?