Ба дунболи имзои созишнома миёни ширкатдорони ҳамоиши эътирозӣ ва сохторҳои қудратӣ дар ҳафтаи гузашта, то кунун беш аз 1 000 (ҳазор) низомӣ Хоруғро тарк кардаанд. Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти шаҳрдории Хоруғ, хуруҷи нерӯҳо ҳамоно идома дорад, вале 150 нафар афсару сарбоз аз ОМОН-и вазорати умури дохилӣ дар Хоруғ боқӣ мемонанд.
Ин манбаъ ба "Озодӣ" гуфт, марҳилаи бозгашти низомиён ба қисмҳои низомӣ то 5-уми сентябр анҷом мепазирад. Дар хамин ҳол, як манбаъ аз Хадамоти алоқаи вилоят изҳор дошт, воситаҳои махсуси алоқаи вазорати дифоъ, ки бо шурӯи амалиёт дар Хоруғ насб гардида буданд, барчида шуда ба маркази ҷумҳурӣ интиқол ёфтанд.
Дар ҳоли ҳозир, бино ба гуфтаи манбаи "Озодӣ", вазъи шаҳр ором буда, идораву муассисаҳо пурра фаъол ҳастанд. Дар донишгоҳи Хоруғ имтиҳони қабул, ки бар асари ҳаводиси ахир ба таъхир афтода буд, идома доранд. Рӯҳияи изтироб ва хастагӣ дар чехраи шаҳрвандон камтар ба назар мерасад.
Ҳамоиши эътирозӣ дар Хоруғ рӯзи 22-юми август, ба дунболи кушта шудани яке аз раҳбарони гурӯҳҳои гумонбар Имомназар Имомназаров дар манзилаш аз сӯи ашхоси номаълум оғоз шуд ва тазоҳургарон як шабро дар майдони "Ваҳдат" сипарӣ карданд.
Маслиҳати байни ширкатдорони митинги эътирозӣ дар Хоруғ ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ ин шуд, ки ҳукумат нерӯҳои худро аз Хоруғ берун мекашад ва бо ҳамин намоиши эътирозӣ пароканда мегардад. Масъалаи муҳими дигар – пешгирӣ аз таъқиби ширкатдорони намоиши эътирозӣ буд. Ба хотири пешгирӣ аз боз шудани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ созише миёни сохторҳои қудратӣ ва фаъолони шаҳр низ ҳосил шуда буд.
Зери ин санад Шералӣ Хайруллоев, Рамазон Раҳимов ва Раҷабалии Раҳмоналӣ, вазирони дифоъву умури дохилӣ ва раиси Горди Миллии Тоҷикистон ва ҳам Иброҳимбек Ғозибеков -- раиси Маҷлиси вакилони шаҳри Хоруғ, имзо гузоштаанд.