Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умаралӣ Қувватов ба вазорат: "Ман девона нестам"


Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов дар сӯҳбат бо Радиои "Озодӣ" гуфт, хулосаи вазорати тандурустӣ дар бораи "девонагӣ"-яш асос надорад.

Умаралӣ Қувватов, як тоҷири тоҷик, ки дар Русия созмони сиёсии "Гурӯҳи 24"-ро ташкил ва худро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, хулосаи тиббии Вазорати тандурустии кишварро дар бораи "девона" буданаш беасос донист.

Ҷаноби Қувватов субҳи рӯзи ҷумъа, 7-уми сентябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳеҷ вақт дар қайди Маркази ҷумҳуриявии клиникии равонпизишкии Вазорати тандурустии Тоҷикистон набудааст. "Ин хулосаи тиббӣ як тӯҳмат дар ҳаққи ман аст",-афзуд ӯ.

Бо ин ҳол, раҳбари созмони ҳанӯз сабтиномнашудаи "Гурӯҳи 24" аз пахши хулосаи тиббии Вазорати тандурустӣ дар матбуоти маҳаллии Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард. Рӯзи сеюми сентябри соли ҷорӣ Маркази ҷумҳуриявии клиникии равонпизишкии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди саломатии Умаралӣ Қувватов, раиси "Гурӯҳи 24" хулосаи тиббии худро нашр намуда, гуфта буд, ки вай аз соли 1998-ум то соли 2008-ум дар қайди ин марказ қарор дошт. Дар хулосаи тиббии ин марказ гуфта мешавад, ки Умаралӣ Қувватов гирифтори навъе аз бемории "шизофрения" ё васвосӣ будааст.

Аммо Умаралӣ Қувватов гуфт, "чаро пештар - як моҳ қабл ва ё як сол қабл - ин гуна хулосаро нисбат ба ман нашр накарданд?" Ба қавли ӯ, маҳз ташкили "Гурӯҳи-24" ва изҳороти ӯ дар бораи ҳукумати Тоҷикистон сабаб шудааст, ки бар зидди вай ингуна "тӯҳматномаҳо" нашр шаванд.

Ҷаноби Қувватов дар идомаи сӯҳбат гуфт, барнома ва стратегияи созмони худро дар як тарҳ дуруст кардааст ва дар рӯзҳои наздик аз тариқи интернет пахш хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ба ин гурӯҳи Умаралӣ Қувватов назарҳои гуногун доранд. Иддае онро мисли баъзе аз гурӯҳҳои сиёсии дигари мухолифи ҳукумати Тоҷикистон медонанд, ки чандон муваффақ набудаанд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини ширкати "Фароз" аст, ки тақрибан ду моҳи пеш Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кардааст. Вай бо ташкили "Гурӯҳи 24" дар хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки бояд Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013-ум иштирок накунад.
XS
SM
MD
LG