Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксуғурта" ба осебдидагони "Корвон" кӯмак мекунад


Ширкати давлатии"Тоҷиксуғурта" омодааст зарари моддӣ ва молии тоҷирону соҳибкорони бозори "Корвон"-ро ҷуброн кунад.

Таҳмина Давлатова-муовини раиси “Тоҷиксуғурта” 7 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки идораи онҳо омода аст зарари афроди осбедидаро би пардозад, ба шарте, ки тоҷир, соҳибкор ё фурӯшӯанда дар “Тоҷиксуғурта” сабти ном шуда бошад. Вай гуфт:

“Дар асоси шартномаи суғуртавӣ фақат метавонем ҳақгузорӣ кунем. Бидуни шартнома мо илоҷи расондани ягон кӯмаки молӣ надорем”.

Ба қавли Таҳмина Давлатова, рӯзи ҷумъа кормандони онҳо барои дақиқ кардани шумораи ононе, ки дар “Тоҷиксуғурта” сабти ном шудаанд, ба бозори “Корвон” рафтаанд, то масъаларо биомӯзанд.

Аммо Давлатова мегӯяд, ононе ҳам, ки моли худ ва ё худро суғурта накарда бошанд метаванад ба бахшҳои ноҳиявӣ асноди зарурурӣ пешинҳод кунанд ва зарарашон истисоноан пӯшиш дода хоҳад шуд.

Вале то ҳол касе аз осебдидагони бозори “Корвон” ба “Тоҷиксуғурта” муроҷиат накардааст.
XS
SM
MD
LG