Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Аҳмадшоҳи Масъуд - марде шикастнопазир


Фармондеҳи настӯҳ Аҳмадшоҳ Масъуд.
Фармондеҳи настӯҳ Аҳмадшоҳ Масъуд.

Имрӯз аз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва нирӯмандтарин фармондеҳи зидди шӯравӣ ва Толибон, 11 сол сипарӣ шуд.

Ёздаҳ сол пеш, дар остонаи ҳуҷуми террористӣ ба Амрико, Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони пурҷозибаи Афғонистон ва яке аз раҳбарони эътилофи зидди Толибон, қурбони сӯиқасди даҳшатафканҳои Ал-Қоида шуд.

Бар тибқи манобеи ғарбӣ, то лаҳзаи аз дасти ҷангиёни Ал-Қоида кушта шуданаш, Аҳмадшоҳ Масъуд бо 12 ҳазор нирӯ то даҳ дар сади қаламрави Афғонистон, ғолибан манотиқи шимолушарқро зери назар дошт ва охирин садде барои Толибон маҳсуб мешуд.

Марги Масъуд ва ба дунболи он ҳуҷуми террористии ал-Қоида ба Амрико вазъи Афғонистонро куллан дигар кард. Дар пайи шурӯи амалиёти зидди терористии Иёлоти Муттҳаида ба Афғонистон ҳукумати Толибон шикаст хӯрд ва қудрат ба дасти ҳукумати нав гузашт.

Фармондеҳи тоҷик Аҳмадшоҳ Масъуд дар шаҳри Баҳораки дараи Панҷшер, дар оилаи сарҳанг ба дунё омад, вале дар Кобул бузург шуд. Ӯ баъди хатми мактаби фаронсавии “Ал Истиқлол”- и Кобул таҳсилро дар Донишгоҳи политехникӣ идома дод ва дар ҳамин ҷо ба созмони Лигаи Ҷавонони Мусалмон аъзо ва тадриҷан ҷанговари чирикӣ шуд.

Масъуд дар соли 1992, замоне ба Кобул баргашт, ки нирӯҳои муҷоҳидин ҳукумати коммунистии президент Наҷибуллоҳро сарнагун карданд. Масъуд ба мақоми вазири дифоъ таъйин шуд. Аммо дуру дароз вазирӣ накард, зеро ҳукумати муҷоҳидин дар заминаи задухӯрдҳои дохилӣ аз ҳам пошид. Соли 1996, вақте, ки Толибон ҳуҷуми густардаеро ба самти пойтахт шурӯъ карданд, Масъуд ба минтақаи шимолушарқ кӯчид. Ба зудӣ дараи Панҷшер ба ягона минтақае табдил шуд, ки ба Толибони тундрав муқовимат мекард.

Ҳарчанд президент Карзай дар соли 2002 Масъудро Қаҳрамони Миллии Афғонистон эълон кард, аммо зодгоҳи ӯ дараи Панҷшер ва маҳалҳои ҳамсояи он манотиқе буданд, ки ҳамеша аз Масъуд пуштибонӣ мекарданд ва хотироти ӯро то ба имрӯз пос медоранд. Акси Масъуд бо кулоҳи машҳураш ҳоло низ дару тирезаи хонаҳо, макотиб ва мағозаҳоро оро медиҳад.

Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хосе бархӯрдор аст ва ҳатто мешавад гуфт, ки ҳеҷ сиёсатмадор ва ё фармондеҳи Тоҷикистон наметавонад шӯҳрату маҳбубияти Масъудро дар худи Тоҷикистон орзу кунад.
XS
SM
MD
LG