Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон ба нутқҳои Брежнев монанд шудаанд


Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, паёми 20-уми табрикии ӯ ба муносибати иди истиқлол тайи инак бист соли раҳбариаш буд.

Ба назари бештари соҳибназарон, паёми имсолаи оқои Раҳмон аз нигоҳи мӯҳтаво такрори паёмҳои қаблиаш буд. Ба таъкиди онҳо, муроҷиати раиси ҷумҳур ба мардуму миллат дар ҷашни 21 - уми истиқлоли кишвар хушку холӣ ва орӣ аз паёму идеяи нав будааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахир дар дохили Тоҷикистон ва ҳамин тавр дар минтақа ва ҷаҳон, бештари мардуми тоҷик, ба хусус табақаи зиёӣ интизор доштанд, ки паёми навбатиии раиси ҷумҳур ба муносибати ҷашни истиқлол пурмӯҳтавотар ва фарогири чолишҳое хоҳад буд, ки минтақа ва Тоҷикистон дар рӯбарӯяш қарор доранд. Аммо боз ҳам мардум ҳарфҳоеро чун«сулҳу суботро ҳифз кунед», «ваҳдату якпорчагиро қадр кунед», «зиракии сиёсиро аз даст надиҳед», «ба умеди бегонагон нашавед» ва ғайраро шуниданд, ки дар ду даҳсолаи ахир дар бештари маворид дар паёмҳои табрикии президенти Тоҷикистон ба муносибат ин ё он ид садо медиҳанд.

Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, чунин такрорҳо аз иваз нашудани шахси раисиҷумҳур дар ин 20 сол маншаъ мегирад: «Бист сол, ки як кас як гапро гуфтан гирифт, такрорӣ мешавад. Беҳтар мебуд, равандҳои демократӣ
Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик
Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик
густариш пайдо кунад, нерӯҳои нав биоянд, то дигаргуниҳо ва тағйиротҳо сурат бигирад. Ин албатта ба манфиати мардум аст».

Ба назари бисёриҳо, паёмҳои раисиҷумҳур ишорае ба масоили доғи рӯз, барои мисол, бӯҳрони Хоруғ, ё баланд рафтани нарху наво надорад ва айни паёмро оқои Раҳмон бо муваффақият метавонист 5 сол пеш ё 5 сол баъд ироа кунад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ такрорӣ будани паёмҳои раиси ҷумҳурро ба набудани идеяи нав дар давлатдорӣ марбут донист ва гуфт:

«Он чӣ дар паёми раиси ҷумҳур муддати 20 сол садо медиҳад, ҳамон ғоя ё идеяе аст, ки ҳанӯз дар 20 соли пеш шакл гирифтааст. Мутааасифона табақаи рӯшанфикрон дар бӯҳрон қарор доранд ва аз ӯҳдаи ин кор намебароянд. Ин аст, ки роҳбарият ва ҳукумат паҳлӯҳои ғояи миллии пештараро маҷбур аст, ки такрор кунад. Ин амр албатта далели як бӯҳрони маънавӣ дар ин бахш ва умуман дар тамоми ҷомеа аст».

Нигаронии мунтақидон ин аст, ки дар паёмҳои раиси ҷумҳур стратегияи давлату ҳукумат матраҳ намешавад, то мардум аз ин паём барои дурнамо чизеро пайхас кунад. Дар ниҳоят ба таъкиди мунтақидон, паёмҳо такрорӣ, хушку холӣ ва орӣ аз мӯҳтаво барои рушди кишвар хоҳанд буд, ки омили коста шудани ҷойгоҳи ҳукумату давлат мешавад.

Аммо пажӯҳишгарони рӯ ба давлат назари дигар доранд. Худойбердӣ Холиқназаров, муовини аввали раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, паёми президент ба муносибати истиқлол, сирф ҷашнӣ аст ва табъан мантиқи дурнамобиниро надорад:

«Ин паёмҳо фақат барои як мӯҳлат ё ҷашне иброз мешаванд, ки раиси ҷумҳур аз мардум даъват мекунад, ки «ҳушёрии сиёсӣ, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед», ва «бубинед, ки муҳимтарин ваҷҳи зиндагии шумо бояд чӣ гуна бошад». Яъне «ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед ва ба умеди сиёсати хориҷии бегонагон
Худойбердӣ Холиқназаров
Худойбердӣ Холиқназаров
нашавед ё мафтуни сиёсати хориҷии кишварҳои бегона нашавед». Ана ҳамин аст, ки мардумро боз ҳам ба зиракии сиёсӣ ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба ҳамин масъалаҳо даъват мекунад».

Худойбердӣ Холиқназаров мегӯяд, ки раиси ҷумҳур стратегия ва дурнамои сиёсати худро умдатан дар паёмаш ба порлумон ироа мекунад.

Аммо ба назари таҳлилгарон, паёмҳои солонаи оқои Раҳмон ба парлумон низ чанд сол боз ба истилоҳ “такрори дарсҳои гузашта” буд ва тақрибан тозагие надошт.

Дар дигар кишварҳо ба таҳияи ҳар паёми президент, гурӯҳҳои хос ё пажӯҳишгоҳҳои вижаи стратегӣ машғул мешаванд ва зимни таълифи он кӯшиш мекунанд, ки фикри наве, ғояи наве ва ё паёме тоза ба мардум расонда шавад. Ба иттилои манобеи ҳукуматӣ, паёмҳои президенти Тоҷикистон танҳо тавассути мушовирони аксаран солдидаи ӯ ва бо ҳамон шаклу услуби хоси ҳокимони шӯравӣ навишта мешаванд.

Ба бовари бисёри таҳлилгарон, инки раҳбари кишвар ҳар сол бо ҳамон як шиорҳои қадиму ҳушдорҳои аз он қадимтар барои табрики мардум ба минбар баланд мешавад ва мардум аз ин паём посухе ба мушкилоти рӯзро пайдо намекунанд, метавонад ин андешаро дар зеҳни мардум талқин кунад, ки раисиҷумҳур шояд дигар ҳарфе барои гуфтан надорад?
XS
SM
MD
LG