Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбахтӣ моли даврони ҷавонист ё пирӣ?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Агар хоҳӣ, ки хушбахтии комилро эҳсос намоӣ, мунтазири пирӣ бош.

Дар як пажӯҳиши аҷиб, равоншиносони Донишгоҳи Стенфорди Амрико, ки вазъи зиндагии бештар аз 10 ҳазор нафарро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки шахс фақат пас аз 45 солагӣ метавонад хушбахт шавад ё худро хушбахт пиндорад.

Ба таъкиди ин олимон, ба фарқ аз ҷавонон, пиронсолон ҳолатҳои ногувори ҳаётро ба осонӣ пушти сар менамоянд. Ва ҳам пирон нисбат ба ҷавонон ба фишори шадиди равонӣ, бинобар ноҷӯриҳо дар корхона ва ҳаёти шахсӣ камтар гирифтор мешаванд, зеро чунон ки пажӯҳишгарон исбот карданд, онҳо на оянда, балки бештар имрӯзро фикр мекунанд. Аммо мардуми Тоҷикистон дар чандсолагӣ ба хушбахтӣ мерасанд?

Меликой Наврӯзова, сокини 62 солаи шаҳри Душанбе худро то ҷое хушбахт мепиндорад. Зеро вай соҳиби 12 фарзанд ва беш аз 10 набера асту хушбахтии худро маҳз дар ҳамин мебинад. Аммо ин модари тоҷик бо вуҷуди он ки синнаш аз нафақа гузаштаасту фарзанди зиёдеро ба воя расонидааст, 9 сол боз дар яке аз беморхонаҳои шаҳр ҳавлирӯбӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, ҳамаи фарзандонаш аробаи зиндагиашонро базӯр мекашанду ӯву шавҳараш маҷбуранд то ҳол кор кунанд, зеро бо 165 сомонӣ нафақа, рӯзашон намегузарад: «Вақташ ояд, мо ҳам мехоҳем, ки истироҳат кунем. Давлати пирӣ ронем. Вале камтар камбағалӣ аст, барои ҳамин баромада кор карда истодаам. Ман ҳам мехоҳам, ки дар хона набераҳоямро нигоҳубин карда, роҳат карда шинам. Хай, акнун то вақти роҳату истироҳат омадана меҷумем, кор мекунем да».

Аммо холаи Меликой дар посух ин суол, ки «Кай фурсати истироҳаташ меояду ӯ фароғат мекунад?», оҷиз монд. Ба монанди Меликой Наврӯзова дар Тоҷикистон зиёд пироне ҳастанд, ки ба қавле аз «давлати пирӣ» бенасибанд.

Аммо дар мавриди ҷанбаҳои хушбахтӣ то кунун пажӯҳиши вижае дар Тоҷикистон анҷом нашудааст, вале соҳибназарон мегӯянд, ки арзишҳои ғарбӣ аз шарқӣ фарқ доранд ва агар ғарбиҳо бо соҳибмаълумот гардидану кори хуб ёфтан ва оила бунёд кардану соҳиби 1-2 фарзанд шудан рисолати хешро анҷомёфта ҳисобанд ва аз пайи худу истироҳати худ шаванд, пас мардуми Шарқ бо анҷоми ин ҳама, яъне баъд аз 45 - 50 солагӣ боз дар фикри тақдир ва ояндаи фарзанду набераву хешу табор меафтанд.

Салоҳиддин Мирзоев, сокини 45 солаи ноҳияи Ҳисор низ бар ин назар аст, ки маҳз андешаи дар фикри наздикон будани инсони шарқӣ ӯро намегузорад, ки фориғ аз мушкилот бошад ва худро комилан хушбахт пиндоранд: «Худро хушбахт меҳисобам аз ҳисобе, ки шукри Худо панҷ фарзанд дорам, наберадор ҳам ҳастам. Аз ин лиҳоз хушбахтам. Лекин боз фарзандоне, ки кӯчактар ҳастанд, онҳоро хонондан даркор, таълиму тарбия додан даркор. Аз ин рӯ, фикр мекунам то вақте ки инсон ҷон дар баданаш ҳаст, ҳеҷ вақт бе мушкил нест».

Афзун бар ин, ба гуфтаи ҷомеашиносон зиёд будани расму оинҳои миллӣ, ки ташвишу харҷҳои бисёрро талаб мекунад, ба ҳар чӣ зудтар даст ёфтан ба хушбахтии комил ва ба «давлати пирӣ» расидани инсони шарқӣ, монеа эҷод мекунад. Аммо коршиносони тоҷик ҷанбаи инро дар вазъи нохуби иқтисодӣ марбут медонанд. Ба таъкиди онҳо, бо таваҷҷӯҳ ба бештар будани мизони фақр дар миёни ҷамъияти Тоҷикистон, чӣ насли калонсол ва чӣ ҷавон худро хушбахт эҳсос карда наметавонанд.

Гулҷаҳони Шамсиддин, як сокини шаҳри Душанбе, ки синнаш ба 37 расидааст, то ҳол натавонистааст, соҳиби манзили шахсии худ шавад ва ин аст, ки худро хушбахт намеҳисобад. Гулҷаҳон мегӯяд: «Мо меҳнат мекунем, заҳмат мекашем, маош мегирем, вале маоши мо ба либосворӣ, ба хӯроквории фарзандонамон базӯр мерасад. Албатта, инро агар ба назар гирем, мо хушбахт нестем. Аз куҷо? Қариб 20 сол шуд зиндагии оилавӣ дорам. Бо шавҳарам меҳнат мекунем, заҳмат мекашем, вале мо то ҳол кулбаи худро надорем».

Аммо Ҷумъаи Мирзо, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, барои он ки насли болотар аз 45 солаи тоҷик битавонад зудро хушбахт эҳсос кунад, ҳадди ақал бояд нафақаи сазовортаре бигирад: «Онгунае, ки имрӯз соҳиби ҷойи кор ҳастему мушкилоти иқтисодии худро ҳал карда метавонем, агар моро ҳавасманд гардонанду нафақаи сазоворе бароямон фароҳам оваранд, то ин ки бо он нафақа тавонем, ки нишаста дар ҳалқаи фарзандон, набераҳо давлати пирии худро ронем, худро хушбахт ҳис хоҳем кард. Хуб, ин баъди 5 сол бошад, 10 ё 15 сол бошад, бо он ки то чӣ андоза иқтисодиёти мо рушд меёбад. Зеро ба хушбахтии аҳолӣ ба вазъи иқтисодӣ вобастагии калон дорад».

Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи соҳибназарон мардуми тоҷик мисли мардуми Ғарб, на баъди 45 солагӣ, балки эҳтимол дар синни 65-70 солагӣ то андозае ба хушбахтӣ мерасад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоту масъулиятҳои фаровоне. ки гиребони мардуми тоҷикро гирифтааст, на ҳамаи онҳо ба давлати пирӣ мерасанд ва хушбахтӣ ба боди фано меравад.

Соҳибаи Кароматулло, Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG