Сайфиддин Қадамов, сардори «Агроинвестбонк» дар Кӯлоб, бонке, ки барои муҳоҷирон қарзи вижа барои харидории чипта медиҳад, мегӯяд, мӯҳлати қарзи муҳоҷирон, ки аз 6 то 8 моҳро ташкил медиҳад, аксаран дар моҳи сентябр ва октябр ба поён мерасад.
Ҷаноби Қадамов мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар баргардонидани қарз масъулияти баланд зоҳир мекунанд ва 95 дарсади муҳоҷирони қарздор сари вақт қарзи худро ба бонк бозпас бармегардонанд.
Қадамов гуфт: «Низоми ҳуқуқиву меҳнатии Русия баъзе мушкилотҳоро ба бор меорад, ки муҳоҷирон қарзро баргардонида наметавонанд. Ин ҳам фоизи хеле камро ташкил медиҳад, ки ба фаъолияти бонк таъсирис ҷиддӣ намерасонад. Онҳое аслан қарзро баргардонида наметавонанд, ки ихроҷ мешаванд ва ё аз ҷониби корфармо фиреб мехӯранд. Аз ин рӯ, аз 30 то 90 рӯз қарзҳо баъзе вақтҳо ба таъхир гузошта мешаванд. Дар маҷмӯъ муҳоҷирон дар баргардонидани қарз масъулияти баланд эҳсос мекунанд ва ҳатто бисёре пеш аз мӯҳлат қарзҳояшонро месупоранд».
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки аксари муҳоҷирон ҳангоми сафар аз бонк ё ягон наздикашон қарз мегиранд. Сӯҳроб, як муҳоҷири меҳнатӣ мегӯяд, тирамоҳ ё зимистон пас аз бозгашт ба ватан тамоми маблағҳояшон сарф мешавад, аз ин рӯ, дар баҳорон маҷбуранд, қарз гирифта дубора ба Русия раванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар муҳоҷир талош мекунад, то пеш аз ҳама қарзи гирифтаашро баргардонад: «Қарз ҳам як масъулият дорад. Кӯшиш мекунӣ, ки то ҳар чи зудтар кор карда онро баргардонӣ. Агар онро пардохт накунӣ, фоиз мехӯрад ва зиёд шудан мегирад. Баъди баргардонидани қарз, дар фикри хона мешавӣ».
Аммо ба хотири фоизи баланд доштани бонкҳо, бархе муҳоҷирон талош мекунанд, то аз бонкҳо қарз нагиранд. Раҷамад Ғоибов, як сокини кӯҳансоли Кӯлоб мегӯяд, имсол фарзанди ӯ ҳангоми сафараш қарз нагирифтааст, балки бо фурӯхтани охирин дороии падар ба муҳоҷират рафтааст: «Аз бонку аз хешу табор қарз нагирифтем. Солҳои гузашта қарз гирифтем, ҳар рӯз қарздор қарзашро мепурсид. Имсол, як гов дар бисотамон доштем, ҳамонро фурӯхта ба Русия рафт. Ба хотире, ки кор карда омада, хонадораш кунем».
Гирифтани қарз аз хешовандони наздик барои муҳоҷирон ҳам маъмул аст, аммо на ҳамеша наздикон ба додани қарз розӣ мешаванд. Ҷумъахон Гадоев, як сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, соли авали муҳоҷират фарзандонаш бо қарзи ҳамсоя чипта хариданд, аммо ҳоло онҳо ҳангоми бозгашт маблағи чиптаро пасандоз мекунанд ва аз касе қарз намегиранд: «Се писарам дар Русия ҳаст. Онҳо дигар қарз намегиранд. Ҳамин, ки баргаштанд, барои сафарашон як миқдор пулро пасандоз мекунанд ва бо он чипта мехаранд. Шукри Худо корашон хуб аст ва ба қарз эҳтиёҷ надоранд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини «Агроинвестбонк» аз афзоиши муҳоҷирони қарзгир сӯҳбат мекунанд. Муҳоҷироне, ки дар баҳорон ҳангоми сафар қарз мегиранд ва тирамоҳ пеш аз бозгашт онро бармегардонанд.