Ин гурӯҳи муҳоҷирон иддао доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон маҳз туфайли пулҳое, ки онҳо ба ватан мефиристанд, мечархад ва аз ин рӯ давлат бояд тадбире андешад, ки онҳо битавонанд ба ҳангоми бознишастагӣ бо нафақаи муносиб таъмин шаванд.
Хуршед Ҳамроев як тан аз омӯзгорони пешини мактаби миёна, ки тайи 15 соли охир ҳар сол барои кор ба Русия меравад, дар ин бора гуфт: «Қариб 12-13 сол аст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастам. То рафтан ба Русия 15 сол омӯзгори мактаб будам. Ҳоло синни ман ва ман баринҳо аз 60 боло шуда ба нафақа расид. Лекин ҳамин меҳнате, ки мо дар Русия мекунем ба инобат гирифта намешавад. Дар Русия мо маблағи патента месупорем, андозҳоро месупорем. Таври легалӣ кор кардем. Барои ҳамин бояд роҳбарони ҳарду кишвар ба як мувофиқа биоянду ин масъаларо ҳал кунанд».
Масъулини давлати Тоҷикистон мегӯянд, новобаста ба онки масъалаи таъмини нафақаи муҳоҷирон мураккаб ва душвор аст, роҳи ҳал дорад. Ва давлат талош дорад, ки ин мушкилиро барои атбои худ осон намояд.
Рустам Муртазоев, як масъули вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки масъала дар ниҳодҳои зидахли кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба таъйиди ҷаноби Муртазоев, ҳоло роҳҳову гузинаҳои мухталиф андешида мешавад. Аз ҷумла барои онки муҳоҷирон битавонанд, дар айёми бознишастагӣ нафақаи беҳтар ба даст оваранд, бояд андози бимаи ҳатмии иҷтимоии худро дар худи Тоҷикистон бисупоранд: «Варианти дигар пешбинӣ шуда истодааст, ки дар худи Тоҷикистон ҳамин гуна шароит муҳайё шавад, ки муҳоҷирон суғуртаи ҳатмии иҷтимоиро супорида тавонанд».
Ин дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон ва таҳлилгарон гумон аст, ки давлат битавонад ин масъаларо ба манфиати муҳоҷирон ҳаллу фасл созад. Зеро чандин монеаҳо дар роҳи иҷрои ин амр мавҷуд аст, ки барои бартараф кардани он миёни Тоҷикистон ва Русия бояд созишнома ва қарордодҳои лозима ба имзо бирасад.
Ойниҳол Бобоназарова, масъули созмони иҷтимоии «Перспектива плюс», ки солҳои зиёдест ба масоили муҳоҷират расидагӣ мекунад, гуфт, як сабаби иҷро нашудани ин дархости муҳоҷирин дар набуди қарордодҳои байниҳукумати миёни Тоҷикистон ва Русия бошад, сабаби дигар он ба таври ғайрилегалӣ кору фаъолият кардани қисмати аъзами муҳоҷирони тоҷик аст. Хонум Бобоназарова афзуд, ки шояд 20 то 25 дарсади муҳоҷирон дар шаҳрҳои Русия ба таври қонунӣ, яъне бо пардохти анвои молиёт аз ҷумла андоз ба Хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ кору фаъолият кунанд ва аз ин рӯ ин мушкил ба ин роҳатиҳо аз байн бурда намешавад: «То ҳозир ягон роҳи ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирон нест. Қисми зиёди муҳоҷирони мо бе қарордод кор мекунанд, шартнома надоранд, дар чунин ҳолат мушкил аст, ки масъалаи нафақаи онҳо ҳал шавад. Зеро онҳо кадом андозе насупоридаанд».
Назокат Одинаева, як масъули Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон низ таъкид мекунад, ки таъмини маоши болотар аз ҳадди ақали муқарраршуда барои муҳоҷиронро на танҳо давлати Тоҷикистон, ҳар давлати дигар ҳам бар ӯҳда гирифта наметавонад. Зеро муҳоҷирони корӣ аз маблағи ба даст овардаи худ ҳеҷ гуна андоз ба ҳисоби давлат насупоридаанд. Хонум Одинаева афзуд, ҳоло коре, ки мешавад кард ин аст, ки худи муҳоҷирон довталабона ва новобаста аз онки ба кадом мӯҳлат мардикорӣ меравад, дар Тоҷикистон худро зери назорати ниҳодҳои бима қарор диҳад ва ҳисоби хоси худро боз кунад:
«Ҳар як муҳоҷире, ки аз ватан берун мешавад, новобаста ба кадом мӯҳлат вай бояд, ки дар инҷо суғурта шуда бошад, вай инҷо ба қайд гирифтагӣ бошад, андози иҷтимоии вай бояд, ки инҷо ба суратҳисоби вай ояд, захира шавад, вақте ки вай қобилияти кориашро гум карду ба ватан баргашт, аз андози суғурташудаи он шахс нафақа таъйин мешавад» .
Назокат Одинаева мегӯяд, дар сурати ғайр, давлат бар пояи Қонуни асосӣ танҳо пардохти ҳадди ақали маоши пиронсолиро метавонад барои муҳоҷирон пардохт кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми пулҳое, ки солона муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан мефиристанд, аз ҳаҷми бюҷети давлатӣ бештар мебошад.