Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падар гӯри писарро баъд аз 16 сол пайдо кард


Маҳмадулло Ҳасанов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон
Маҳмадулло Ҳасанов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон

Пас аз 16 соли ҷустуҷӯ як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ гӯри фарзанди бенишонашро пайдо кард.

Маҳмадулло Ҳасанов, сокини 78-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, аз соли 1996-ум ба ин сӯ нишони фарзандашро, ки ҳангоми як даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик дар атрофи Душанбе нопадид шуда буд, ҷустуҷӯ мекард.

Фарзанди ӯ - Сайфулло дар даврони ҷанги дохилӣ дар яке аз қисмҳои низомӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, хидмати ҳарбӣ мекардааст. Бобои Маҳмадулло мегӯяд, бо ҳамроҳи ҳамсараш аҳд карданд, ки то мурда ё зиндаи фарзандашонро пайдо накунанд, ором намегиранд. Аммо ҳамсараш ҳангоми ҷустуҷӯ дар соли 2003-юм аз баланд шудани фишори хун дар деҳаи Ҳазрати Мавлоно, канори Душанбе, ба ҳалокат расид. Марги ҳамсар ҳам ӯро аз ҷустуҷӯи фарзандаш боз намедорад.

Бобои Маҳмадулло мегӯяд, тамоми атрофи Душанбе ва деҳоти Файзободро, ки фарзандаш дар ин минтақаҳо бенишон шуда буд, гаштааст. Ахиран, дар мавзеи Теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ муйсафеде ба ӯ гӯри пасараш ва санадҳои ӯро нишон дод ва ба истилоҳи худ, охирин армони ӯву ҳамсараш бароварда кард.

"Ҷое намонд, ки накофта бошам. Акси писарам дар дастам буд. Писари маро силоҳбадастон ба гарав гирифта, бурда дар наздикиҳои Теппаи Самарқандӣ бо бераҳмӣ мекушанд. Як мӯйсафед бо писараш, Худо баракаташон диҳад, ӯро бурда гӯр мекунанд ва барои рӯзи мабодо ҳуҷҷату як либосашро нигоҳ медоранд. Онҳо метарсиданд, ки дар ин бора гап зананд, аммо ҳолу зори маро дида, гӯру ҳуҷҷатҳои писарамро нишон доданд. Рафтам, гиристаму дуо кардам ва болои гӯрашро тоза кардам. Дигар ягон армон надорам",-нақл кард ӯ.

Ин мӯйсафед мегӯяд, ин гӯрро ба ду наберааш, ки ба зинда будани падарашон то кунун умед доштанд, нишон додааст. Ҳодисаи бенишон шудани сокинон дар ҷанги шаҳрвандӣ хеле зиёд сабт шудааст ва то ҳол аксари наздикону пайвандон дар ҷустуҷӯи онҳо қарор доранд. Фаридун, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бародари ӯ дар қисми низомии зери сарварии Маҳмуд Худойбердиев хидмат мекард, вале бо фирори Маҳмуд аз Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ иттилое аз бародарашон надоранд: "Модарам то лаҳзаи маргаш ӯро мепурсид. Аксашро гирифта дар роҳ мебаромад ва сарбозони дивизияи русро, ки ба машқи низомӣ мерафтанд, манъ карда, аксро нишон медод, ки инро намешиносед. Мо на дар бораи мурда ва зиндаи ӯ то ҳол маълумоте надорем."

Назирмад Тағоев, як афсари мустаъфӣ, ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ширкат кардааст, мегӯяд, ҳангоми задухӯрдҳо дар бисёр ҳолат аз ҳар ду ҷониб ҷасадҳо дар майдон мемонданд ва бо гузашти чанд рӯз касе ҷуръати гирифтани онҳоро намекард. Ӯ мегӯяд, "чунин ҳодисаҳо зиёд буд. Дар бисёр вақт ба дарёҳо ҳам ғарқ мешуданд. Як чизи дигар аст, ки шояд баъзе аз гумшудаҳо зинда ҳам бошанд, зеро онҳоро асир гирифта, ба Афғонистон равон мекарданд. Ин чиз ҳам ҷой дорад. Ин як қоидаи оддии ҷанг аст, ки Худо такрорашро нишон надиҳад."

Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки беш аз 5 сол идома кард, беш аз 150 ҳазор нафар ҳалок ва садҳо тани дигар маҷрӯҳу беному нишон гаштаанд. Осори ин ҷанг то ҳанӯз дар биноҳои нимавайрона ва қалби сокинон боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG