Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сесилия Хименс ва моҷарои тасвири Исои Масеҳ


Тасвири Исои Масеҳ қабл ва баъд аз тармим.
Тасвири Исои Масеҳ қабл ва баъд аз тармим.

Қиссаи як пиразани испаниягӣ, ки бе иҷозат ба тармими тасвири Исои Масеҳ даст зад ва онро ба як бузинаи пашмин табдил дод, танҳо бо шӯҳрати шармовар ин пиразан дар ҷаҳон поён наёфт.

“Шоҳкорӣ”-и Сесилия Хименс, ки ҳоло дар калисои деҳкадаи Борха насб шудааст, мавҷи сайёҳони хориҷиро бо ҳазорҳо Евро ба ин мавзеъ овард.

Ҳоло Сисилия Хименси 80-сола аз мақомоти шаҳр талаб дорад, ки саҳми ӯро ба маблағҳои ҷамъшуда этироф кунанд ва ҳақашро бидиҳанд. Тасвири Исои Масеҳ, ки дар асри 19 дар рӯи гаҷи тар кашида шудааст, бо гузашти солҳои хира шуд ва пиразани 80-сола хост онро тармим кунад. Аммо хабари тармими номуваффақи тасвир, дар олами интернет ҳангома барангехт ва корбарандагони интернет ин тасвирро “Бузинаро бубин!” ном гузоштанд.

Бисёриҳо тасмим гирифтанд, ки тарҳи харобшударо бо чашми худ бубинанд. Нашрияи Даили Телеграф менависад, ки сайёҳон барои ворид шудан ба Калисо ва дидани тасвири Исои Масеҳ 4 евро пардохт мекунанд. Танҳо дар чаҳор рӯзи аввал, калисои деҳкадаи Борха беш аз ду ҳазор евро ба даст овард.

Ворид шудан ба калисо ба он хотир пулакӣ шуд, ки ходимони он мехоҳанд зудтар маблағи заруриро барои барои ба ҳолати аввал баргардонидани тасвир дарёфт намоянд. Аммо Сесилия Хименс мегӯяд, агар иқдоми шарифи ӯ барои тармими тасвир намебуд, калисо ҳеҷ гоҳ наметавонист ин маблағро ҷамъоварӣ кунад, Аз ин рӯ, гуфтааст пиразан, ҳаққи ӯ бояд пардохт шавад.

Рӯёнидани ҳаққи худ аз калисо барои ин пиразании испаниявӣ акнун ба як вазифаи муҳим табдил шудааст. Ӯ мегӯяд, агар дар набард бо калисо пирӯз шавад, пули ба даст омадаро ба бунёдҳое медиҳад, ки алайҳи бемории мушакҳои инсон (мышечная атрофия) мубориза мебаранд. Писари ӯ ба ин маризи гирифтор будаст. Сесилия Хеменс, ки “шоҳкорӣ”- и ӯро садҳо ҳазор дар саросари ҷаҳон тамошо кардаанд, мегӯяд, ки баъди ин шӯру ғавғо акнун ба худ омадааст ва мехоҳад, ки азиятҳои кашидааш ҷуброн шаванд.

Ҳоло тармимгарон бар сари масъалае меандешанд, ки оё эҷоди кампиракро мешавад безарар аз тарҳ тоза ва чеҳраи Исои Масеҳро қобили дидан кард? Аммо корбарандагони интернет, баръаск бо ҷамъ кардани 18 ҳазор имзо талаб доранд, ки “шоҳкорӣ”- и пиразан бетағйир гузошта шавад.

Дар замн, қиссаи Сесилия Хеменс танҳо бо ин шӯҳрати шармовар тамом нашуд. Мақомоти Испания гуфтаанд, ки ӯ бе иҷозати расмӣ ҳақ надошт даст ба тармими тасвири муқаддас бизанад. Ба назар мерасад, “ситораи интернет” Сесилия Хеменс акнун бояд дар назди қонун низ ҷавоб бигӯяд.
XS
SM
MD
LG