Лутфия Холиқова, мудири шӯъбаи аспирантураи ин донишгоҳ мегӯяд, хоҳишмандони таҳсил дар бахши аспирантура ва аз ин тариқ соҳиби унвони илмӣ шудан дар қиёс ба соли гузашта ду баробар афзудааст.
Супурдани ҳуҷҷатҳо то 5-6 октябр идома меёбад, вале ба гуфтаи хонум Холиқова, аллакай барои ҳар курсии аспирантӣ то 10 нафар довталаб шудаанд.
Мудири бахши аспирантураи ДМТ афзуд: «Агар солҳои пешин барои факултетҳо, кафедраҳо 1-2 нафарро, баъзеашонро иҷборан барои таҳсил ба аспирантура тавсия медоданд, ҳоло бошад, бо хоҳиши худ аз як факултет қариб то 15-20 нафар ба мо муроҷиат мекунанд, ки ҳуҷҷат супорем, мо имконият дорем. Ба мо иҷозат медиҳанд, моро қабул мекунанд, гуфта онҳо дар озмун иштирок менамоянд».
Яке аз омилҳои дар солҳои охир ба таври чашмрас зиёд шудани довталабони бахши аспирантураро, Лутфия Холиқова бештар шудани имтиёзҳо барои олимони ҷавон унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, аспирант ё унвонҷӯи имрӯзаи Донишгоҳи миллӣ то 500 сомонӣ стипендия ё идрорпулӣ гирифта, ҳамзамон бо хобгоҳи дорои шароити хуби замонавӣ таъмин аст ва имкони дар хориҷа пажӯҳиш карданро низ дорад.
Ҳамчунин ба гуфтаи Лутфия Холиқова, дар сурати пеш аз мӯҳлат дифоъ намудани рисолаи номзадӣ, унвонҷӯ мукофотпулии баробар ба идрорпулии панҷмоҳаро метавонад ба даст орад.
Аммо дар ҳамин ҳол, Муҳриддин Сабурӣ, хатмкардаи факултаи филологияи ин донишгоҳ, ки ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи аспирантура супоридааст, мегӯяд, ӯ на ба хотири маблағ ё чизи дигар, балки барои саҳм гузоштан дар рушди илм, алалхусус омӯзиши таърихи адабиёти муосир пой ба роҳи илм гузоштанист.
Мушоҳидаҳо ҳокист, ки теъдоди довталабони аспирантура имсол на танҳо дар Донишгоҳи миллӣ, балки дар дигар донишгоҳу Академияи илмҳо низ зиёд шудаанд. Сарвиноз, баъд аз 5 соли хатми донишгоҳ ба хулосае омад, ки бояд ҳадди ақал номзади илм шавад. Зеро ба ақидаи, ӯ маоши шахси унвони илмӣ дошта нисбатан баландтар аст ва бо унвони илмӣ метавон карйераи беҳтар низ сохт.
Ӯ ҳоло ҳуҷҷатҳояшро ба Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо супоридааст, вале бинобар шадид будани рақобат шак дорад, ки ба нияти худ бирасад, «Аслан онҷо ду ҷой ҳаст барои қабули довталаб, вале ба он 2 курсӣ то 10-12 нафар ҳуҷҷат супоридагианд. Воқеан ҳам шумораи довталабони аспирантураю магистратура ва унвонҷӯйҳо нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд шудаанд».
Иршод Сулаймонӣ, устоди ҷавони Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, афзоиши сафи алоқамандони таҳсил дар аспиарантура ҳанӯз ба маънои афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба илм нест, балки: «Аксарияти онҳое, ки барои таҳсил дар аспирантура завқ доранд, ман фикр намекунам, ки 70-80 дар сади онҳо арзанда ё шоистаи таҳсил дар ин шӯъба бошанд. Зеро, ки аксарияти хатмкардагони донишгоҳҳои Тоҷикистон агар дар дигар умур ҷойи кор пайдо карда натавонистанд, майл мекунанд барои таҳсил дар шӯъбаи аспирантураи донишгоҳ. Аз ин нуқтаи назар ман фикр мекунам, натоиҷи тадқиқотие, ки ин аспирантҳо дар давраи таҳсилашон ба даст меоранд ё ки ба дифои рисолаҳои номзадӣ даст меёбанд, чандон самарабахш нест».
Ин олими ҷавон ба ҳар сурат мӯътақид аст, ки афзоиши шумораи довталабони аспирантура метавонад ба сифати илм ба гунае таъсири мусбат расонад, чун аз миёни онҳо беҳтаринҳоро метавон интихоб намуд.
Аммо нозирони умур чунин мешуморанд, ки танҳо нафарони ангуштшуморе аз ин хайли бузурги унвонҷӯёни фидоии илм хоҳанд шуд ва барои ағлаб унвони илмӣ танҳо як василаи даст ёфтан ба пулу ҷоҳу мансаб ва обрӯст. Бар асоси муқарароти роиҷ дар Тоҷикистон, барои мисол, танҳо номзади илм ва ё профессору доктор метавонад, декан ва ё раҳбари факулта шавад.
Соҳибаи Кароматулло, радиои Озодӣ