Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Раҳимов: "Барои ҳаводиси Хоруғ касе таъқиб намешавад"


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Вазири умури дохилии Тоҷикистон вуҷуди як "рӯйхати сиёҳ"-и иштирокдорони ҳаводиси ахири Хоруғро рад намуд.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ мавҷудияти як "рӯйхати сиёҳ"-и иштирокдорони ҳаводиси Хоруғро рад кард. Ӯ, ки дар маркази вилояти Бадахшон сӯҳбат мекард, гуфт, "ҳеҷ кас барои ҳодисаҳои ахири Хоруғ таъқиб нахоҳад шуд."

Вазири умури дохилӣ афзуд, ҳамаи онҳое, ки силоҳҳояшонро супорида, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озоданд. "Дар рӯйхате, ки мегӯянд, аз 80 ё 100 нафар иборат аст, гап дар бораи таъқиби онҳо ё ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо намеравад. Гап дар бораи онҳоест, ки ихтиёран силоҳ супориданд, то парванди ҷиноии ин афрод қатъ шавад",-шарҳ дод ӯ.

Рамазон Раҳимов дар робита бо онҳое, ки номашон дар ҳаводиси ахири Хоруғ садо доданд, гуфт, дар мавриди ҳамкории онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушкиле вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, "мушкилот нест, вазъият ба эътидол омадааст. Гурӯҳҳое, ки фирефта шуда, яроқ ба даст гирифта буданд, аллакай фаҳмиданд. Мардум ҳам фаҳмид. Ҳоло тинҷиву амонист."

Қаблан, додситонии кул дар мулоқот бо мардум дар робита ба сарнавишти Толиб Айёмбеков ва дигар муттаҳамони куштори Абдулло Назаров ва ҳаводиси ахири Хоруғ гуфт, бархӯрд бо онҳо дар асоси қонун сурат мегирад. Аммо ҳолате, ки ин афрод худихтиёрӣ силоҳашонро супурда ва ба мақомот ҳамкорӣ мекунанд, муҷозоташонро сабуктар хоҳад кард.

Тақдири парвандаи куштори Абдулло Назаров, собиқ сардори КДАМ-и Бадахшон, ки сабаби оғози як амалиёт дар Хоруғ гашт буд, то ба ҳол номаълум боқӣ мемонад ва тафтишот ҳанӯз ба охир нарасидааст. Вазири умури дохилӣ ба суоли он ки то чӣ андоза рафтори худи шахси мансабдор ба ҳодисаи куштор сабаб шудааст, гуфт, "парванда ҳаматарафа таҳқиқ ва бо он баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд."

Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе, 23-юми сентябр, вазири дифоъ, Шералӣ Хайруллоев, пас аз ду моҳи шурӯи амалиёти Хоруғ ба Душанбе баргашт. Тайи рӯзҳои охир тедоди зиёди низомиён тавасути чархболҳо берун шуда, гуфта мешвад, нерӯҳои вазорати дифоъ пурра ба ҷойҳои муқимии будубошашон баргаштанд. Аммо теъдоди муайяни нерӯҳои умури дохилӣ ва амниятӣ дар вилоят ҳанӯз боқӣ мемонанд.

Ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти интизомиро дар минтақа ҳоло вазири умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов, роҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG