Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мулоқоти вакилони дифоъ бо Ш.Карамхудоев


Вакилони дифои раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ, барои нахустин бор, бо зерҳимояашон сӯҳбат кардаанд.

Бобохон Ёқубов, вакили мудофеи Шерик Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ, ки дар боздоштгоҳи мувақатии КДАМ нигоҳдорӣ мешавад, рӯзи 26-уми сентябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, пас аз боздошти зерҳимояаш дар ду моҳи қабл, барои нахустин бор тавонистанд бо ӯ чашм ба чашм сӯҳбат кунанд.

Бобохон Ёқубов гуфт, сари Шерик Карамхудоев бо дока баста шуда буд ва ба гуфтаи худи ӯ, ҳамаи захму доғе, ки дар баданаш дорад, натиҷаи латукӯби кормандони амният дар замони боздошташ дар Хоруғ мебошанд.

Ба қавли вакили мудофеъ, замони аз Хоруғ ба Душанбе интиқол дода шудан ва тайи муддати нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳи КДАМ, ба Шерик Карамхудоев бадрафторӣ нашуда, ҳатто барои табобати захмҳояш яке аз кормандони ин боздоштгоҳ Амини Ҳақназар ба вай кӯмак кардааст.

Вакили дифоъ ба нақл аз Шерик Карамхудоев мегӯяд, зерҳимояш дар рӯзҳои оғози амалиёти Хоруғ аз тарси он, ки кушта нашавад, чанд рӯз пинҳон шуда, баъдан худро ба нерӯҳои интизомӣ таслим кардааст ва сипас сарбозон ӯро ба дасти кормандони амниятӣ супоридаанд. Ба гуфтаи Карамхудоев, кормандони амният дар сари ӯ халтаи сиёҳ кашида ва пайваста латтукӯб мекарданд.

Ба гуфтаи Карамхудоев, тайи чанд рӯзе ки дар Хоруғ будааст, аз сари ӯ халтаро намегирифтанд ва намедонист, кӣ ӯро латту куб мекунанд.Танҳо баъд аз интиқол ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ дар Душанбе, шиканҷа дар нисбати вай поён меёбад.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тибқи парвандае, ки ба Додситонии кулл пешниҳод кардааст, Шерик Карамхудоевро бо ду банди қонуни ҷиноӣ айбдор медонад. Яке аз ин ҷурмҳо, ҳамкорӣ ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ва дигаре ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ мебошад. Ба қавли вакилони мудофеъ, Шерик Карамхудоев худро гунаҳкор намедонад.

Бобохон Ёқубов афзуд, то ҳол барои онҳо норӯшан аст, ки чаро пас аз интиқоли Карамахудоев ба боздоштгоҳи мувақатии КДАМ, ба онҳо иҷозаи мулоқот надоданд.

Аз боздошти Шерик Карамхудоев наздики 2 моҳ моҳ мегузарад ва додгоҳ 4-уми августи 2012 иҷозати ҳабси ӯро додааст. Танҳо рӯзи 31-уми август наздикони Карамхудоев барои ҳимояи ӯ бо вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров аҳднома бастанд.
XS
SM
MD
LG