Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо ба таҳқиқи марги мармузи Ҳамза Икромзода


Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ аз мақомоти Тоҷикистон тафтиши фарогир ва мустақилонаи қазияи марги мармузи Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар зиндони рақами яки Душанберо тақозо кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ рӯзи 20 сентябр бар асари шиканҷа ҳалок шуд. Падари Ҳамза – Файзалӣ Икромов - низ дар як муроҷиат ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муҷозот кашондани омилони қатли писарашро тақозо кардааст. Идораи зиндонҳои вазорати адлия аммо мегӯяд, ки Ҳамза Икромзода рӯзи 20 сентябр худкушӣ кардааст ва захмҳои бадани ин маҳбус изи электрошок аст, ки ба хотири наҷоти ӯ аз марг истифода бурдаанд.
XS
SM
MD
LG