Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Озодагон:«Раҳмон ҳам метавонад Саакашвилӣ бошад?»


Қатли Ҳамза Икромов дар зиндони шумораи 1-шаҳри Душанбе бозтоби густардаеро дар нашрияҳои ин ҳафтаи чопи пойтахти Тоҷикистон ба ҳамроҳ дорад.

«Миллат» дар матлаби «Шиканҷаи мурда ё зинда?» асрори марги Ҳамза Икромзода дар зиндонро матраҳ кардааст. Нашрия навиштааст, ки «наздиконаш бовар доранд, ки ӯро тариқи шиканҷа ба қатл расониданд ва мехоҳанд тариқи додгоҳ аз шарофати инсонии азиз худ ҳимоят кунанд».

«Фараж» марги Ҳамзаро, ки ба навиштаи нашрия дар пайи азобу шиканҷа рух додааст, шабеҳи озору азияти зиндониёни Бухорои амирӣ дониста, вале навиштааст, ки «таассуфовар аст, вақте фахр менамоем, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорему намеандешем, ки даст ба амалҳои кадом давра зада истодаем».

«Имрӯз нюз» дар ин робита чандин матлаберо зери номи «Қатли маҳбус- 2 хомӯшиҳо аз чӣ далолат мекунанд? «Қатли маҳбус дар СИЗО оё ин ишора ба оғози намоишҳои эътирозист?» ва «Қатли Ҳамза дар СИЗО обрӯи Тоҷикистонро ба замин зад? мунташир кард. Нашрия дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ ва сӯхтори «Корвон» иттифоқ афтодани қатли маҳбус Ҳамза Икромовро амали тарҳрезишуда дониста ва навишт, ки «касе мехост боз таҷрибаи тазоҳуротҳои аввалиро истифода барад, чун маълум гардид, ки мардум дар зимни «расидани корд ба устухон» дигар эътироз мекунанд».

«Нигоҳ» -ро он чӣ ба тааҷҷуб овардааст, ки «бо вуҷуди он ки ҳама ҳодисаҳо дар пеши чашми ҳукумат, 200-метрии Қасри президенту дастгоҳи иҷроияаш сурат мегирад, ҳеҷ як аз масъулони зиндон ҷазои сазовор нагирифтаанд». Аммо ҳамзамон нашрия менависад, ки «иллати аслии риоят нашудани қонун ва ҳуқуқи инсон дар маҳбасҳо мустақил набудани суд, милиса ва прокуратура аст. Боз чанд тобути дигар аз маҳбасҳо барояд, ки онҳо ба худ оянд?»

«Озодагон» дар ин робита ба қатли Ҳамза дахолати раиси ҷумҳури Тоҷикистонро таъкид мекунад. Ин аст, ки нашрия менависад, ки «дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ агар президент барои омилони қатли Ҳамза супориш диҳад, шояд дар пешорӯи интихоботи президентӣ, ки бо эҳтимоли зиёд номзадии ӯ дигарбора гузошта мешавад, «рейтинги» -аш баланд равад». Чун ба эътиқоди муаллифи матлаби «Раҳмон ҳам метавонад Саакашвилӣ бошад», шарафи инсон масъалаи ҷузъӣ набуда ва болотар аз ҳама барои инсон аст».
XS
SM
MD
LG