Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили қирғиз мухолифи роҳи муштарак бо Узбакистон шуд


Як вакили порлумони Қирғизистон роҳи оҳани Қирғизистон-Тоҷикистон-Чинро афзалтар аз тарҳи «Бишкек-Тошканд- Пекин» медонад.

Вакили мардумии порлумони Қирғизистон Замир Бекбоев 28-уми сентябр дар Бишкек гуфтааст, ки Узбакистон метавонад дар ҳар ҳолату замон қисми роҳи оҳани худро бибандад ва Қирғизистонро дар инзиво (блокада) қарор диҳад.

Замир Бекбоев ин ҳарфҳоро пас аз баррасии тарҳи роҳи оҳани «Чин-Қирғизистон-Узбакистон» дар порлумони ин кишвар баён доштааст.

Ӯ гуфтааст, нусхаи дигари ин тарҳ баррасӣ шавад, ки ҳеҷ пайванде бо Узбакистон надошта бошад ва мутақиман аз Тоҷикистон убур кунад. Ин дар ҳолест, ки вазири нақлиёти Қирғизистон сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эронро ба манфиати кишвараш намедонад.

Қалиқбек Султонов, вазири нақлиёти Қирғизистон, дар моҳи июни соли равон гуфт, ки тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эрон ба кишвараш суд намеорад. Ӯ ҳамчун ин гуфт, ки баръакс, Қирғизистон ба сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон бартарӣ медиҳад.

Вай ин ҳарфҳоро замоне баён дошт, ки дар Бишкек нишасти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии вазирони нақлиёти ду кишвар ҷараён дошт.

Ҳоло маълум нест, ки изҳороти ахири вакили мардумӣ Замир Бекбоев ба бознигарии тарҳҳои коммуникасионӣ таъсир мегузорад ё хайр.

Тоҷикистон сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эронро яке аз роҳҳои берунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ медонад. Ин аст, ки се соли пеш давлати Тоҷикистон ба бунёди як қитъаи тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эрон аз шаҳри Ваҳдат то Қӯрғонтеппа оғоз карда буд.

Ин роҳи оҳани байнулмилалӣ ҳудуди 2 ҳазор километр тӯл дошта, бояд Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Эронро бо ҳам васл кунад, ки аз нигоҳи коршиносон, аҳамияти фавқулодаи геополитикӣ дорад. Ба қавли онҳо, ин масири алтернативӣ ба роҳи оҳани Душанбе-Маскав хоҳад буд ва вобастагии Тоҷикистонро аз кишварҳои самти шимол, аз ҷумла Русияву Узбакистон бамаротиб коҳиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG