Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи чоршанбе 3-юми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар нишасти навбатии ҳайати «Кумитаи тадорукоти ислоҳоти Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон», ки рӯзи сешанбе дар толори Маркази ҷумҳуриявии адвокатҳо мавсум ба «Сипар» баргузор шуд, Коллегияи мустақили вакилони дифоъ, ки раиси он ҳуқуқшинос Фахриддин Зокиров мебошад, ба ҳайати ин Кумита пайваст.
Ба қавли ҷаноби Зоиров, ҳуқуқшинос Фахриддин Зокиров қаблан ариза пешниҳод намуда буд ва дар ин нишаст мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳайати ин созмони адвокатҳо, вакилони дифоъ ва ҳуқуқшиносон фаъолияти мекунанд ва ба қавли Раҳматулло Зоиров, барои ислоҳоти фаслу бандҳои Қонуни интихобот бештар ҳуқуқшиносон ҷалб карда хоҳанд шуд. Дар ин нишаст Қарори созмондеҳӣ ё ташкилии Кумита тасвиб шуд ва Бузургмеҳри Ёров - вакили мудофеи шинохта, ҳамчун котиби ҳамоҳангсози Кумита пазируфта шуд.
Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, иборат аз 9 нафар созмон ёфт. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИ, Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСД, Бузургмеҳр Ёров, узви коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар", Амният Абдулназаров, роҳбари ҷамъиятии "Демократия", Ҳайдулло Абдуллоев, муовини роҳбари ҲДТ, Шералӣ Кенҷаев, муовини Ҳизби сотсиалистии ҷиноҳи Назриев, Зариф Ғуломов, ҳуқуқшинос ва Ҳикматулло Сайфуллозода, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот"-и ҲНИТ ба ҳайати кумитаи мазкур шомил мебошанд.
Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон соли 1994-ум қабул шуда, то ба ҳол тағйир нахӯрдааст. Бори аввал соли 2004-ум бо ширкати аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони парлумони кишвар таҳти сарпарастии САҲА (ОБСЕ) аввалин маротиба нусхаи тағйирхӯрдаи ин қонун омода шуд, аммо дар охирин лаҳза намояндагони ҲХДТ аз он даст кашиданд ва ин пешниҳодҳо дар нимароҳ монданд. Кӯшиши дуюм соли 2007-ум таҳти сарпарастии IFES – Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ низ ноком анҷомид.