Дар ин ҷаласа, ки раёсати онро Қосим Қосимов, вазири кишорварзии Тоҷикистон ва Султон ибни Рашид Ал-Хотирӣ, вазири кор ва тиҷорати Қатар бар дӯш доштанд, барои нахустин бор гурӯҳҳои кории ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд барои кишварҳояшонро баррасӣ карданд.
Таваҷҷӯҳи тарафҳо ба густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисод, сармоягузорӣ, рушди тиҷорат ва энергетика, кишоварзӣ, саноат, туризм ва маориф равона карда шуд. Ин аст, ки дар санади имзошуда тамоми ҷанбаъҳои ҳамкории ду кишвар мушаххас шуданд ва ҷониби Қатар низ омодагии худро барои сармоягузорӣ дар иҷрои лоиҳаҳое дар иқтисоди Тоҷикистон эълом кард.
Нарзулло Додобоев, сухангӯи вазорати кишоварзӣ мегӯяд, дар назар аст, ки бо сармоягузории ширкатҳои хусусии Қатар, дар оянда маҳсулоти кишворазии Тоҷикистон ба ин кишвар содир карда шавад. Ба гуфтаи ҷаноби Додобоев, «бо назардошти он ки дар Қатар бо сабаби набудани имкониятҳои табии ҳамагӣ 10 дарсад худро бо маҳсулоти худӣ таъмин карда метавонад, Тоҷикистон метавонад як миқдор маҳсулоти кешоварзии худро ба ин кишвар ворид кунад.»
Аммо масъалаи муҳоҷират, ба хусус эъзоми неруи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар дар меҳвари гуфтугӯи тарафҳо будааст, ки дар ин замина мутахассисони ҳар ду кишвар созишномаеро низ таҳия карданд. Интизор меравад амири Қатар дар сафари қарибулвуқӯъ худ ба Душанбе, созишномаи ирсоли муҳоҷирони тоҷик ба кишварашро тасвиб кунад.
Масъулони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, аллакай созишномаи байниҳукуматӣ дар ин замина пурра баррасӣ ва барои ба имзо расидан омода шудааст. Гуфта мешавад, дар созишномаи мазкур қарордоди меҳнатӣ ҳам дарҷ удааст, ки аз ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик дифоъ хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки пешнависи мувофиқатнома дар бораи муҳоҷирати корӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони вазоратҳои хориҷа ва кори Қатар ва масъулони ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон таҳия гардида буд.
Мансур Орифов, сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ин хадамот гуфт, соли 2022 Қатар мизбони футболи ҷаҳонист ва барои сохтмони иншооти зиёди варзишӣ ба 500 ҳазор кувваи корӣ ниёз дорад. Ӯ афзуд: «Ин кишвар барои сохтмони иншооти варзиши 180 миллиард доллар ҷудо кардааст. Ҷониби Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард, ки ширкатҳои сохтмониро, ки аз муҳандису меъмор, коргузору сохтмончӣ ва ҳам коргари оддӣ иборат хоҳад буд, ба ин кишвар бифиристад. Бояд бигӯям, ки Қатар ҳамаҷониба барои кор ва буду боши муҳоҷирони тоҷик мувофиқ аст.»
Мансур Орифов ҳамчунин гуфт, хадамот омода ҳаст бо таъсиси марказҳои забономӯзӣ ба таври ройгон ба он муҳоҷироне, ки ба Қатар фиристода мешаванд, забони арабиро низ омӯзиш бидиҳад. Ҳамзамон ҷаноби Орифов ишора ба он кард, ки Тоҷикистон бо истифода аз тамоми воситаҳо талош бар он дорад, ки барои эъзоми муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои дигар низ чунин созишномаҳо ба имзо бирасонад.
Гуфта мешавад, кӯшиши Тоҷикистон ҷиҳати пайдо кардани бозорҳои алетернативӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки ҳамасола беш аз як миллион шаҳрвандони ин кишвар ба хотири кор Русияро интихоб мекунад.
Дар ҳамин ҳол Аъзамшоҳи Ширговадӣ таҳлилгари тоҷик мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле, рӯ ба кишварҳои дигар хоҳанд овард, агар маблағи бештар пешниҳод шавад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, «масалан вақте, ки ду соли пеш бо Арабистони Саудӣ шартнома дар мавриди эъзоми муҳоҷирони тоҷик ба имзо расид, он чандон уваффақ нашуд. Зеро вақте даромади муҳоҷиронро дар он ҷо мебинед, ки аксаран аз Покистону Ҳиндустонанд, 300 ва 400 долларо ташкил медиҳад. Аммо муҳоҷири тоҷик наметавонанд бо ин маблағ рӯзи хонаводаи худро пеш барад. Вале дар Русия бо машғул шудан бо кори сиёҳ онҳо метавонанд ду ва ё се баробар бештар даромад бигиранд. Вале аз сӯи дигар агар мо натавонем аз имконияти хуби бурдани муҳоҷирони тоҷик ба Қатар истифода кунем, кишварҳои ҳамсояи ин коро хоҳанд кард. Зеро имрӯз таваҷҷӯҳи тамоми кишварҳо барои эъзоми нерӯи корӣ ба Қатар равон шудааст.»
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Қатар пас аз сафари Эмомалии Раҳмон ба кишварҳои арабӣ, аз ҷумла ба Қатар дар ду соли пеш оғоз шуд ва бузургтарин тарҳи муштараки Қатар бо Тоҷикистон ин бунёди масҷиде аст, ки дар маркази шаҳри Душанбе бунёд хоҳад шуд. Ин масҷид барои 150 ҳазор нафар намозгузор бунёд мешавад, ки дар Осиё Марказӣ бузургтарин хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол дар нахустин ҷаласаи мушктараки кумиссиюни муштараки иқтисодии Тоҷикистону Қатар тавофуқ шуд, ки дар ояндаи наздик миёни Душанбе Доҳаи Қатар, роҳи ҳавоӣ низ боз шавад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!