Ин тасмим низ як аломати дигари уфти нуфузи Аҳмадинажод дар охири соли давраи дувум ва ниҳоии раҳбарии ӯ унвон мешавад.
Алиакбар Ҷавонфикр – мушовири Аҳмадинажод дар умури матбуот ва раҳбари хабаргузории давлатии ИРНО - моҳи сентябр бо ҷурми нашри матлабе, ки зиддиахлоқӣ дониста шуд, 6 моҳ ҳукми зиндон гирифт. Далели дигари ҳукми зиндони ӯ таҳқири раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар торнамои интернетиаш гуфта мешавад. Дархости Аҳмадинажод барои боздид аз зиндони Эвинро, ки дар моҳи ҷорӣ нашр шуд, дар матбуот ба ҳукми Ҷавонфикр иртибот медиҳанд.
Аммо қувваи қазоия рӯзи якшанбе ин дархостро радд кард ва гуфт, дар ҳоле ки кишвар бо буҳрони иқтисодӣ дастбагиребон аст, боздид аз зиндон коре ба фоидаи давлат нест. Хабаргузории Меҳр аз қавли додситони кулли Эрон ва сухангӯи қувваи қазоия Ғуломҳусейн Мӯҳсинии Эҷеӣ навиштааст, ки «боздид аз зиндон дар ин шароит як масъалаи кӯчак аст ва агар мо манфиатҳои волои кишварро дар мадди назар дошта бошем, бояд рӯи ҳалли чунин масоил тамаркуз кунем, зеро боздид аз зиндон дар чунин шароит кори муносибе нест.»
Қувваи қазоия ба Аҳмадинажод «машварат» додааст, ки рӯи масоили бузургтар, аз ҷумла роҳҳои рафъи буҳрони иқтисодӣ фикр кунад, то ба аёдат аз Эвин. Эҷеӣ бо ишора ба ин нукта, ки Аҳмадинажод «тайи беш аз 7 соли раҳбариаш боре ҳам дархости боздид аз зиндонҳо накарда буд», ҳадс задааст, ки азми ӯ барои аёдат аз Эвин шояд ба «як нафари марбут ба давлат» рабт дошта бошад. Ин ишораи сухангӯи қувваи қазоия ҳам ғолибан ба шахси Ҷавонфикр аст.
Матбуоти Эрон мегӯяд, Аҳмадинажод қасд дошт, то ҳанӯз рӯзи 8 октябр аз Эвин, ки бахши умдаи зиндониҳояш маҳбусони сиёсианд, дидан кунад. Вале қувваи қазоия боздиди раисиҷумҳурро ба «таъхир» гузошт.
Абдулкарими Лоҳиҷӣ, раиси Федеросиҷни ҳуқуқи башар мегӯяд, боздид аз зиндонҳо аз ҷумлаи ҳаққҳоест, ки Қонуни асосии Эрон ба Аҳмадинажод ба унвони раисиҷумҳур додааст. Вале ба бовари оқои Лоҳиҷӣ, дархости боздид аз Эвин бештар ба масоили шахсӣ рабт мегирад, то ба азми ӯ ба назорати вазъи ин зиндон ба ҳайси кафили ҳуқуқу озодиҳои мардум:
«Агар оқои Аҳмадинажод воқеъан мехост нисбат ба ҳуқуқи зиндониҳо ҳассосият дошта бошад, то алъон аз сарнавишти рақибони интихоботиаш Меҳдии Каррубӣ ва Мирҳусайни Мӯсавӣ ё аз ҳоли хонум Заҳрои Раҳнавард хабар мегирифт. Ба маҳалли боздошт ё ихтифои онҳо саркашӣ мекард. Аз зиндониёни дигари сиёсӣ ҳол мепурсид. Аҳмадинажод меравад, дар СММ мегӯяд, ки мо дар Эрон аслан зиндонии сиёсӣ надорем. Ин дархост ҳам танҳо ва танҳо дар иртибот ба вазъияти як ҳамкор ва дӯсти шахсии ӯ Алиакбари Ҷавонфикр аст. Аҳмадинажод дар Ню-Йорк буд, ки Ҷавонфикр дастгир шуд. Ва рақибони ӯ, бахусус бародарон Лориҷониҳо, ки дутояш дар қувваи қазоия ҳам ҳаст, ташхис доданд, ки алъон метавонанд як зарбае ба Аҳмадинажод бизананд ва Ҷавонфикрро ба зиндон андохтанд. Ва ҳоло Аҳмадинажод мехоҳад ба Эвин сарбикашад ва зимнан боздиде аз Ҷавонфикр ҳам бикунад, ки ман дӯстиву рафоқатро фаромӯш накардаам ва дар ин рӯзи сахт ба дидорат омадам. »
Нуфузи Аҳмадинажод аз соли 2011 дар пайи як таниши лафзиаш бо Хоманаӣ рӯ ба уфт овард. Аҳмадинажод вазири иттилоотро барканор кард, вале Хоманаӣ алорағми ӯ Ҳайдар Муслиҳиро дубора дар симаташ барқарор кард. Рақибони муҳофизакори Аҳмадинажод дар парлумон давлати ӯро ба идораи нодурусти умур дар қиболи буҳрони уфти башиддати қурби риёл ва мушкилоти дигари ношӣ аз таҳримоти байналмилалӣ алайҳи барномаи ҳастаии Эрон айбдор мекунанд.
Абдулкарим Лоҳиҷӣ мегӯяд, ин ҳама идомаи ҷанги қудрат аст, ки бо наздик шудани поёни раёсати Аҳмадинажод авҷ мегирад: «Ин ҷанги қудрат аст, ки бавижа дар 3 соли охир дар сохтори Ҷумҳурии исломӣ даргирифтааст. Ва барои инки Аҳмадинажод, ки бештар аз чанд моҳи дигар аз замони раёсаташ боқӣ намондааст, гурӯҳи худашро дубора вориди саҳнаи муборизот накунад, мехоҳанд барои ҳамеша парвандаи Аҳмадинажод ва гурӯҳи ӯро хатмшуда эълон бикунанд.»
Аҳмадинажод аз соли 2006 ду давра боз раҳбарии давлати Эронро бар ӯҳда дорад, вале дар интихоботи соли ояндаи раёсати ин ҷумҳурӣ, ӯ дигар ҳаққи ширкат нахоҳад дошт.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!