Интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинони шаҳри Кӯлоб бо ирсоли як барқияи Оқил Оқилов, сарвазири кишвар 12 соат дар як шабонарӯз маҳдуд шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ду соли пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки маҳдудияти барқ дар тамоми шаҳрҳои Тоҷикистон аз байн рафтааст ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳамеша бо барқ таъмин хоҳанд буд.
Аммо Аҳмад Кишваров, сармуҳандиси Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин мавзӯъ танҳо як суҳбати президенти кишвар буд ва дар ҳеҷ қарору санад сабт нашудааст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Кишваров ин ҳарфи президент бо дарназардошти сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадид буд, ки бо сиёсӣ шудани мавзӯъ, амалӣ нашуданд: «Он нақшаҳое, ки дар мавриди сохтмони Роғун буд, амалӣ нашуданд. Чуноне ба шумо маълум аст, ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ иёсӣ шуд ва корҳо мувофиқи нақша иҷро нагардиданд. Барои ҳамин ба фикрам маҳдудият дар шаҳрҳо аз байн нарафт».
Ҳоло сокинони шаҳри Кӯлоб чор соат дар саҳар, 2 соат дар нисфирӯзӣ ва 6 соат шабона бо нерӯи барқ таъминанд. Аҳолии атрофи шаҳр дар нисфирӯзӣ барқ надоранд ва мувофиқи ин нақша онҳо танҳо ҳашт соат нерӯи барқ доранд. Маҳдудияти барқ мувофиқи ин нақша то охири моҳи ноябр давом мекунад ва ба гуфтаи масъулин шояд он тағийр ёбад.
Аммо сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ин реҷаи муқараршуда ҳам на ҳамеша риоя мешавад. Бобо Шамсиддинов, сокини маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бештари маврид дар нисфирӯзӣ онҳо барқ надоранд, дар ҳоле, ки дар дигар маҳаллаҳо барқ ҳаст: «Як рӯз барқ мешавад ва ду рӯзи дигар дар нисфирӯзӣ намешавад. Реҷа риоя шавад, одам ҳисобашро мефаҳмад. Мушкилу азоб ҳам бошад, дигар чӣ меояд аз дастамон».
Ҷамила, як сокини маҳаллаи Якуми Май низ гуфт, интиқоли барқ саҳар дер сурат мегирад ва фурсат барои омода намудани хӯроки гарм барои фарзандони мактабхонаш намемонад: "То ягон чиз омода мекунем, ки дер мешавад, зеро фарзандон бояд ба мактаб бираванд. Маҷбурем, ки газу ҳезум харем ва дигар ба умеди барқ нашавем».
Аммо Зулайхо Саидова, сокини маҳаллаи Лоҳутии Кӯлоб мегӯяд, ҳоло ҳаво гарм аст ва он қадар ранҷи бебабарқиро эҳсос намекунанд: «Илтимос дорем вазъиятро дар зимистон хуб кунанд, ки мардум сахт азоб мекашад. Як бор ҳоло аз кӯчаи мо гузаред, мебинед, ки мардум чи гуна шикоят доранд».
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!