Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин намоиши ҳунари хиёбонӣ дар Тоҷикистон


Дар нахустин намоиши аксҳои 3Д дар Тоҷикистон, барои тасвир расми парчами Тоҷикистон интихоб шуд.

Ин парчам рӯйи замини мумфарш ва бо истифода аз бурҳои рангаву хатҳои геометрӣ тасвир шудааст, вале дар назар як манзараи зебо ва парчами воқеиро мемонад.

Ин яке аз намунаҳои Стрит арт ё ҳунари хиёбонӣ аст, ки Тресси Ли Стун, рассоми маъруфи амрикоӣ ба Душанбе овард. Хонум Ли Стун мегӯяд, стрит арт ва тасвири аксҳо дар шакли 3Д, дар Амрико ва кишварҳои дигари ҷаҳон мисли Чину Ҳиндустон аллакай маъруф аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳунари хиёбонӣ аз дигар навъҳои рассомӣ танҳо бо он фарқ мекунад, ки он бо бурҳои ранга ва дар рӯйи замин тасвир мешаваду ба тамошобин имкон медиҳад, тасвирро бо ҳаҷмаш бинад худро дар дохили он манзара тасаввур кунад. Хонум Ли Стун мегӯяд, барои тасвири аксҳои 3Д ягон омӯзиши хосе зарур нест ва ин кори сода аст.

«Ман фикр мекунам, ки кас метавонад бидуни ягон омӯзиши вижа ба ин навъи рассомӣ шуғл варзад. Ва таҷрибаи аввалини ман бо ҷавонони тоҷик ҳам нишон дод, ки инҷо ягон техникаи мушкил истифода намешавад ва онро метавон ба зудӣ аз худ кард. Фақат тавре гуфтам, барои ин бояд ба дарки интихоби дурусти рангҳо рафт ва тавонист аз дигар маводҳое ки барои санъати рассомӣ зарур аст, хуб истифода кард.»


Нахустин намоиши ҳунари хиёбонӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

Таъсир ё эффекти 3D ба воситаи дизайн, рӯшаниву рангҳои интихобшуда ва бо истифода аз донишҳои геометрӣ ба даст меомадааст.

Дар намоиши аввалини Тресси Ли Стун, рассоми маъруфи Амрико, ҷавонони тоҷик на танҳо ба ҳайси тамошобин иштирок карданд. Ба онҳо ҳамчунин имконият дода шуд, то дар тасвири расм дар шакли 3Д, ба хонум Ли Стун кӯмак кунанд. Солеҳа, як ҷавондухтари тоҷик мегӯяд, ӯ қаблан аксҳои дар шакли 3Д тасвир ёфтаро дар интернет дида буд:

«Ин як эффекти аҷоиб медиҳад. Ингуна расмҳо аз дигар наққошиҳо бо он фарқ мекунад, ки агар ҳаминро ҳоло акс гиред, чунин ба назар мерасад, ки гӯё ҳамин манзара на дар рӯйи замин, балки дар даруни замин тасвир шудааст. Ва ё бо дидани чунин манзараҳо одам худро дар дохили он фикр мекунад. Аҷоиб аст.»

Ҷамшед Эркаев, аз ширкатдорони дигари намоиши аксҳои ЗД, мегӯяд, ба фарқ аз солҳои қаблӣ, имрӯз мушоҳида мешавад, ки ҷавонони тоҷик ба санъати рассомӣ як навъ дилгармӣ пайдо мекунанд ва ба қавли ӯ, муаррифии навъҳои ҷадид ва ҷолиби санъати рассомӣ, мисли тасвирҳои 3Д метавонад таваҷҷуҳи ҷавононро ба ин самт боз ҳам бештар кунад.

Тресси Ли Стун, рассоми Амрикоӣ, ки дар рӯйи замин бо истифода аз бурҳои ранга тасвиру манзараҳои зебову воқеи меофарад, мегӯяд, санъати интихобкардаи ӯ умри дароз надорад, аммо ҷарраёни офаридани чунин нақшҳо ба кас як олам таассурот мебахшад ва натиҷааш ҳам то дергоҳ дар хотирҳо хоҳад монд. Хонум Ли Стун тасмим дорад дар ҷараёни сафараш дар Тоҷикистон ҳамчунин бо дӯстдорони Стрит Арт вохӯрӣ ва мулоқот кунад ва ба онҳое ҳам, ки ба тасвири расмҳо ЗД таваҷҷӯҳ доранд, дар ин кор кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG