Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ню Йорк: Шиква аз Обама, аммо тарс аз пирӯзии Ромнӣ


Бисёре аз раъйдиҳандагон дар Ню-Йорк пас аз интихобот изҳор доштаанд, ки аз Борак Обама норозиянд ва аз Митт Ромнӣ метарсанд.

Дар навбатҳои дарози назди ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар Ню-Йорк ва дар кӯчаву хиёбон пас аз анҷоми овоздиҳӣ интихобкунандагон мегуфтанд, ки аз Барак Обама шадидан норозиянд, вале изофа мекарданд, ки аз Митт Ромнӣ метарсанд. Коршиносон мегӯянд, ин тазод буд, ки натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро таъйин кард.

Ҳарчанд ҳазорон нафар аз осебдидагони тӯфони “Сэндӣ” натавонистаанд ё нахостаанд, дар интихобот ширкат кунанд, иёлати Ню Йорк бори дигар нишон дод, ки ба сифати яке аз "қалъаҳо"-и Ҳизби демократ боқӣ мондааст. Мардуми зиёд бо вуҷуди он ки маркази овоздиҳии онҳоро тӯфон ба хок яксон карда буд, дар хаймаҳо ва гоҳе ҳам зери осмони боз барои ояндаи кишвари худ пас аз соатҳои дарози интизорӣ раъй доданд. Онҳо раъйи худро муҳим мешумурданд, ҳарчанд Энн Элисон, сокини 34- солаи Ню-Йорк бо муҳим донистани ширкаташ дар интихобот гуфт, вай ин аҳамиятро намебинад. Элисон мегӯяд, ба назараш, раъйи ӯ боаҳамият аст ва раъйи дигарон низ дар кул, аммо одамон таъсири онро намебинанд ва бино ба ин мегӯянд, вақти овоздиҳӣ надоранд.

Озурдагии интихобкунандагони Ню-Йорк, зоҳиран, на фақат марбути пайомадҳои харобиовари тӯфон буд, ки баъд аз як ҳафта низ сари ҳар қадам ба чашм мехӯранд ва на танҳо ин, ки бархе дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо садои баланд мегуфтанд, ҳукумат онҳоро дар рӯзи сахт танҳо гузошт ва фаромӯш кард, балки аз он ҳам буд, ки ба қавли онҳо, Обама ваъдаҳои интихоботии худро иҷро накард.

Аммо Хуан Карлос, аз Донишгоҳи Бруклин бо вуҷуди ин аз Обама ҳимоят кард. “Ба назарам, як шахсро ба сӯи шикаст тела дода, гуфтан, ки вай шикаст хӯрд, осон аст. Дар мавриди Обама ҳисси ман ин аст, ки чизҳои муайяне буд, ки ӯ накард ва чизҳое буд, ки натавонист бикунад. Дақиқан, чизҳое буд, ки мехост, бикунад, аммо натавонист.”- мегӯяд ӯ.

Бисёриҳо ба мушкилоти иқтисодӣ ва афзоиши нобаробариҳои иҷтимоӣ ишора мекарданд. Аммо як интихобкунандаи солманд дар ҳавзаи интихоботии Флатбуши Ню-Йорк гуфт, масъалаҳои иқтисодиро кадом номзаде, ки пирӯз шавад ба дӯши як гуруҳи муайян мегузорад ва ин ҳама аз бозиҳои таблиғотӣ беш нест. Вай гуфт, ба Ромнӣ раъй додааст, зеро мехоҳад, шахси диндоре ба қудрат расад.

Интихобкунандаи дигар, Мойра Колемани 44-сола, интихоботи президентии Амрикоро як воқеаи ҷаҳонӣ номид ва гуфт ғалабаи Ромнӣ хабари хубе барои ҷаҳон нахоҳад буд. Мойра гуфт, аз он ҳарос дорад, ки Ромнӣ ҷанги наверо оғоз хоҳад кард. Ин бор дар Эрон. Ин сокини Ню-Йорк афзуд, раъйи худро на ба Обама, балки ба сулҳ додааст.
XS
SM
MD
LG