Файзулло Холов, додситони нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳадафи ин амр таъмини ҳуқуқҳои мазҳабии маҳбусон аст. Вай афзуд, дар канори масоҷид, ба китобхонаи зиндонҳо ҳамчунин нусхае чанд аз Қуръон ва дигар адабиёти марбут ба мазҳаби Имоми Аъзам дастрас шудааст, то ки ниёзмандон аз он истифода карда тавонанд.
«Мардон ва занони маҳбус аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои мазҳабиашон истифода мебаранд. Барояшон китобҳои динӣ ҳам дастрас карда мешавад. Мо ин китобҳоро пас аз гирифтани хулосаи уламои динӣ дар бораи ин ки хислати экстремистӣ надоранд, ба китобхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ месупорем.»
Масъулон ҳадафи ин иқдомро ҷилавгирӣ аз густариши ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва равияҳои ғайри мазҳаби Ҳанафия, назири «Ҳизбуттаҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ансоруллоҳ», дар миёни маҳбусон унвон мекунанд.
Чунин масҷид танҳо дар зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода нашудааст, зеро ин маҳбаси низоми нигаҳдориаш шадид буда, маҳбусон ҳуқуқи равуои озодро дар ҳудуди маҳбас надоранд. Аммо Абдурасул Мирзоев, бародари генерали маҳбус Ғаффор Мирзоев, ки айни ҳол бо ҳукми ҳабси якумра дар зиндони Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешавад, моҳи апрели соли равон, зимни боздиди хабарнигорон аз ин маҳбас гуфта буд, ки 5 вақт намозашро дар дохили ҳуҷра мехонад ва монеае дар мавриди намозхонияш вуҷуд надорад. Гузашта аз ин, вай гуфта буд, ки азбаски дар ҳуҷрааш се нафари намозхон адои ҷазо мекунанд, нақши имоматӣ дар намозҳои ин ҷамоатро ба уҳда дорад.
Вале дар масҷиди маҳбаси воқеъ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар як вақт ҳудудан то 200 нафар адои намоз карда метавонанд ва зоҳиран, ҳеҷ маҳбусе дар ин ҳуқуқ маҳдуд намебошад.
Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, собиқ маҳбуси зиндони Ёвон, дар ин иртибот мегӯяд: «Ягон маҳдудиятро ҳис накардам. Қуръон мехондем ва дигар китобҳои мазҳабӣ ҳам дастрас буд. Рӯйи китобҳо муҳр буд бо иҷозаи Кумитаи корҳои дин, ки расман мутолиааш иҷоза дода мешуд. Барои сар назадани ихтилоф миёни маҳбусон, танҳо адабиёти мазҳаби ҳанафиро дар китобхона ҷой додаанд. Одамони намозхон дар маҳбас бисёранд, то 100-200 нафар намоз мегузоранд. Озодии мазҳабӣ таъмин аст».
Дар ҳамин ҳол, як нафар зиндонӣ аз маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки дар пасманзари баҳсҳои озору шиканҷаи маҳбусон, мақомот ин «озодиҳо»-ро барои маҳбусон махсус таъмин карда, мехоҳанд «иғво» барангезанд, то маҳбусон эътироз кунанд ва онҳоро саркӯб намоянд ва аз ин тариқ дар назди созмонҳои байналмилалӣ нишон диҳанд, ки «бубинед, мо шароит муҳайё мекунем, аммо маҳбусон эътироз мекунанд».
Ин маҳбус гуфт: «Солҳои 2004-2005-ум маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппа даст ба уруснанишинӣ мезаданду қонунҳои нонавиштаи худро дар саросари маҳбас ҷорӣ менамуданд. Аммо маъмурияти зиндон қасдан аксуламал нишон намедод, то ки вазъият ташаннуҷ ёбад ва баҳонае барои саркӯбии маҳбусон пайдо шавад. Ниҳоят, соли 2005, агар ёд доред, маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппа шӯрише барпо карда буданд. Кор ба ҷое расид, ки «воҳиди махсус» («спетсназ») ва мошинҳои ҳарбиро ба маҳбас ворид карда, миёншиканӣ карданд ва ҳеҷ кас ба доди маҳбусон намерасид. Имрӯз ҳам ҳамон тарзи бархӯрди маъмурияти зиндон нисбат ба маҳбусон такрор меёбад. Қасдан ҷангу ҷидолҳои дохилии маҳбусонро нодида мегиранд, то ки «иғво»-и наве барпо шавад ва дубора маҳбасҳои кишварро барои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ «дастнорас» кунанд.»
Ва аммо масъулони додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон мегӯянд, ки вазъи маҳбасҳои воқеъ дар минтақа муътадил арзёбӣ шуда, зери контрол қарор дорад ва додситонию маъмурияти зиндонҳо талош мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои фитрии маҳбусон, ки қонун муқаррар кардааст, нақз нашавад.