Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабҳо дар Тоҷикистон чӣ меҷӯянд?


Нишасти соҳибкорони Арабистони Саудӣ дар Душанбе. 22-юми майи соли 2009.
Нишасти соҳибкорони Арабистони Саудӣ дар Душанбе. 22-юми майи соли 2009.

Ҷомеаи кишварҳои араб тарҳи барномаи таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро пазируфт.

Тарҳи ин барномаро Арабистони Саудӣ таҳия кардааст ва аввалин нишаст дар чаҳорчӯби он, моҳи оянда дар шаҳри Риёз баргузор мешавад.

Нарзулло Назаров, сафири Тоҷикистон дар Миср, дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, “кишварҳои арабӣ мутмаинанд, ки аз имконоти фаровони ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода набурдаанд ва дар ин амр таъхир ҳам кардаанд.”

Зубайдулло Зубайдов, сафири ғайримуқими Тоҷикистон дар Қатару Кувайт, низ мегӯяд, ки моҳҳои ахир таваҷҷуҳи ҳарчӣ бештари кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бо Тоҷикистон ба чашм мерасад ва масъулини вазоратхонаҳои ин кишварҳо бо таассуф мегӯянд, ки бояд солҳо пеш дар ин бора андеша мекарданд.

Миёни кишварҳои арабӣ аз ҳама пештар Қатар ба ҳамкории густурда бо Тоҷикистон пардохт ва айни ҳол ду тарҳаш дар пойтахти Тоҷикистон амалӣ мешавад. Яке бузургтарин дар Осиёи Марказӣ масҷиди ҷомеъ бо сармояи амири Қатар ва дигарӣ, бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе”, ки барои он ширкати “Диёр”-и Қатар 270 миллион доллар ҷудо кардааст.

Мулоқоти дипломати тоҷик Зубайдулло Зубайдов бо муовини амири Қатар Карим Ҳаммод Оли Сонӣ. Акс аз бойгонӣ
Мулоқоти дипломати тоҷик Зубайдулло Зубайдов бо муовини амири Қатар Карим Ҳаммод Оли Сонӣ. Акс аз бойгонӣ
Аммо, ба гуфтаи Зубайдулло Зубайдов, дигар тоҷирони Қатар ҳам омодаанд, ки тарҳҳоеро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Ӯ ба нишасти ахири кумиссиюни муштараки иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Қатар ишора мекунад, ки моҳи гуашта таҳти раёсати Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Султон ибни Рашид Ал-Хотирӣ, муовини вазири кор ва тиҷорати Қатар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар он барои нахустин бор дурнамои ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд баҳсу баррасӣ гардид. Ҳукумати Қатар барои ширкат дар тарҳҳо дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энерҷӣ, кишоварзӣ, маориф ва ҷаҳонгардӣ изҳори омодагӣ кард. Аз ин пеш як ҳайати бонуфуз аз Қатар ҳам ин мавзӯъро дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ карда буд ва қарор аст, созишномаи байниҳукуматӣ дар ин замина дар ҷараёни сафари амири Қатар ба Душанбе имзо шавад.

Султон ибн Рашид ал-Хотир, муовини вазири кору тиҷорати Қатар, баъд аз нишаст дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз алоқамандии кишвар ба ҷалби мутахасисони тоҷик ҳарф зад ва гуфт, Қатар мизбони Бозиҳои ҷаҳонии футбол дар соли 2022-юм аст ва ҳукумат барои бунёди варзишгоҳу меҳмонсаро ва дигар иншооти зарурӣ 180 миллиард доллар ҷудо кардааст. Мансабдори қатарӣ афзуд, ки аз кормандони хориҷӣ фақат донистани забони арабӣ ва арҷгузорӣ ба урфу одатҳои мардуми бумӣ тақозо мешавад.

Зубайдулло Зубайдов низ ба ин мушкил ишора мекунад ва мегӯяд, ки довталабони кор на фақат бояд мутахассиси хуб бошанд, балки бо яке аз ду забони хориҷӣ - арабӣ ё англисӣ ҳарф зада тавонанд. Аз нигоҳи ӯ, маҳз бар асари
Султон ибни Рашид Ал-Хотирӣ, муовини вазири кор ва тиҷорати Қатар ва Қосим Қосимов вазири кишоварзии Тоҷикистон.
Султон ибни Рашид Ал-Хотирӣ, муовини вазири кор ва тиҷорати Қатар ва Қосим Қосимов вазири кишоварзии Тоҷикистон.
надонистани забон, теъдоди мутахассисони тоҷик дар кишварҳои арабӣ кам аст. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, айни ҳол дар Қатар тақрибан 40 нафар ва дар Кувайт 6-7 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Зубайдулло Зубайдов меафзояд, қарор аст, ки санади ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати корӣ бо Кувайт ҳам таҳия шавад. Аз ин рӯ аз ҳоло бояд дар Тоҷикистон курсҳои вижа барои омӯхтани забони арабӣ таъсис шаванд: “Мақомоти Қатару Кувайт омодаанд, ки дарёфти раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро осонтар кунанд ва ин мавзӯъ аз ҷумла, дар ҷараёни сафири умури дохили Тоҷикистон ба Қатар матраҳ хоҳад шуд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Зубайдов, ҳукумати Кувайт низ омодаи ихтисоси маблағҳои бузург барои тарҳҳои муштарак бо Тоҷикистон аст. Айни ҳол як ҳайати ин кишвар дар Тоҷикистон мавзӯи имзои созиш дар бораи ҷилавгирӣ аз пардохти дукарати андозро баррасӣ мекунад. То охири сол комиссиюни муштараки Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои фанниву иқтисодиву тиҷоратӣ дар шаҳри Ал-Кувайт ба кор шурӯъ мекунад. Қарор аст мавзӯи сармоягузории тарҳҳои бузурги Кувайт дар Тоҷикистон дар ҷараёни аз сафари расмии қарибулвуқӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи Зубайдулло Зубайдов, то имрӯз Кувайт аз тариқи Бонки исломии рушд дар маблағгузории бунёди роҳи Калъаихум-Кӯлоб, тармими шабакаи барқи шаҳри Душанбе, рушди зироаткорӣ дар ноҳияи Данғара ширкат кардааст.

Дипломати тоҷик Нарзулло Назаров мегӯяд, ҳукумати Миср низ ба таҳияи тарҳҳое дар Тоҷикистон иқдом кардааст, ки яке аз онҳо бунёди корхонаҳои муштараки тавлиди доруворӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, “дорувори мисрӣ дар сартосари
Зубайдулло Зубайдов, сафири ғайри муқими Тоҷикистон дар Қатар ва Кувайт.
Зубайдулло Зубайдов, сафири ғайри муқими Тоҷикистон дар Қатар ва Кувайт.
қора шӯҳрат дорад ва аммо чун интиқоли он ба Тоҷикистон барои тоҷирон гарон меуфтад, тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз имкони маҳсулоти худи Тоҷикистон корхонаҳо бунёд кунанд”.

Аз ин пеш Бунёди мисрии ҳамкориҳои фаннӣ бо давлатҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ барои шаҳрвандони Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ доир намуд, ки дар онҳо беш аз 1200 кас соҳибихтисос шуданд.

Аммо кишварҳои арабӣ оё фақат ба нерӯи кории Тоҷикистон ниёз доранд? Зубайдулло Зубайдов дар посухи ин суол мегӯяд, ки “Тоҷикистон метавонад ба кишварҳои арабӣ меваҷот, аз ҷумла, меваи хушк, асал, пахта ва алюминий содир кунад.”

Ба гуфтаи Нарзулло Назаров, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира, айни ҳол ягона монеаи ҷиддӣ дар роҳи таҳкиму густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои араб, дастрасӣ надоштани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрист, ки фақат баъд аз бунёди роҳ аз тариқи долони Вахон ба Покистон ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон аз байн хоҳад рафт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG