Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сартарошидаҳо дар Маскав ба ҳунарпешаи тоҷик ҳамла карданд


Раҳбарияти Театр.док – як театри Маскав мегӯяд, ки ҳунарпешаи тоҷикистонии онҳо мавриди ҳамлаи сартарошидаҳо қарор гирифт. Дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ муаллифи идеяи намоишномаи “Акын-Опера” Всеволод Лисовский гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи панҷшанбеи гузашта дар назди истгоҳи метрои Петрово рух дод. Лисовский гуфт, ки гурӯҳе аз ҷавонҳои тундрав ба нафароне ҳамла карданд, ки дар назари онҳо “ғайрирус” буданд.

“Зимни берун шудан аз метрои Перово издиҳоми ҷавонписарҳое ба ҳамаи онҳое ҳамла мекард, ки симои ғайрисалвянӣ доштанд. Дар ин ҳамла пешонаи Абдул кафиду дандонҳои бародараш шикастанд. Як духтаре аз Ӯзбакистон, то ҷое ман медонам, то ҳол дар бемористон аст”.

Абдулмамад Бекмамадови 44-сола яке аз се офарандаи нақш дар намоишномаест, ки соли ҷорӣ дар саҳнаи Театр.док аз ҷониби гурӯҳе зери назари Всеволод Лисовский таҳия шуда, ба масоили муҳоҷирони корӣ дар Русия ихтисос ёфтааст.

Ба иттилои Лисовский, Бекмамадов рӯзи якшанбе ба саҳна баргашта, дар намоишномаи навбатии “Акын-Опера” нақш бозидааст.
XS
SM
MD
LG