Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амрико бузургтарин тавлидкунандаи нафт мешавад"


Ожонси Байналмиллалии Энержӣ, мегӯяд Амрико то соли 2017 ба бузургтарин кишвари тавлидкунандаи нафт табдил хоҳад ёфт.

Амрико барномаҳоеро рӯи даст гирифтааст, ки тибқи он бояд то соли 2017 дар бозори ҷаҳонӣ ба кишвари аслии тавлидкунандаи нафту газ табдил ёбад.

Дар давоми панҷ соли ахир пешрафт дар истихроҷи нафту газ аз таркиби санги нафтзо, таҷҳизоти тавлиди нафтро дар Амрико ба гунаи инқилобӣ тағйир дод.

Ҳоло дар ҷаҳон аз лиҳози тавлиди нафту газ Русия мақоми аввал ва Арабистони Саудӣ мақоми дувумро ишғол мекунанд.

Ожонси Байналмилалии Энержӣ, ки як созмони байнидавлатист ва таъмини энержӣ дар 28 кишвари ғарбии узви ин созмонро таҳқиқ мекунад, пешгӯӣ намудаст, ки то соли 2030 Амрико ба шабакаи кишварҳои содиркунандаи нафт дохил хоҳад шуд ва то соли 2035 ниёзмандиҳои худро бо нафт тақрибан таъмин хоҳад кард.

Барои муқоиса метавон гуфт, ки ҳоло Амрико танҳо 20 дарсади ниёзмандиҳои худро истихроҷ мекунад.

Ричард Чайлд, сардабири маҷаллаи "Petroleum Argus" дар Лондон, мегӯяд, чунин тағйирот дар Амрико, ба вазъи бозорҳои ҷаҳонии нафт низ асар хоҳад гузошт.

Ҳоло Аврупо аслан пойбанди нафти Русия ва Ховари Миёна аст. Африқои Ғарбӣ нафти хоми худро бештар ба Амрико содир мекунад. Вақте, ки Амрико воридоти нафти Африқои ғарбиро қатъ мекунад, Аврупо метавонад ба нафти ин минтақа бештар дастрасӣ дошта бошад.
Чунин бархӯрд, Русия ва ОПЕК-ро водор мекунад, ки дар Осиё барои худ бозорҳои дигар ёбанд.

Ожонси Байналмиллалии Энержӣ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2035, 90 дарсади нафти Ховари Миёна ба Осиё содир хоҳад шуд. Ҳоло ин рақам 60 дарсадро нишон медиҳад.

Ҷон Митчел, коршиноси энержӣ дар Маркази таҳлилии Лондон, мегӯяд, чунин равиш мушкилоти Осиёи "ташна" ба нафтро ҳал хоҳад кард, зеро ин минтақа ба таъмини миқдори бештари нафт ниёз дорад: “Мо аз ҳоло медонем, ки нафти изофии Ховари Миёнаро, ки чандон зиёд нест ба куҷо содир кунем, то бозорҳои Осиё камбуди воридотро эҳсос накунанд.”

Афзоиши истихроҷи нафт аз санги нафтзо дар Амрико заминаи иқтисодӣ низ дорад. Ҳоло як бушка нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ беш аз 80 доллар арзиш дорад ва истихроҷи он аз санги нафтзо низ дар чунин шароит даромад меорад. Агар тавлидкунандагони амрикоӣ ба бозори ҷаҳонӣ нафти худро содир кунанд, дар он сурат онҳо бояд ҷасорат нишон диҳанд ва нархи худро нисбат ба нархҳои кунунӣ поинтар бибаранд.

Вале нигаронии дигар низ вуҷуд дорад. Агар истихроҷи нафт аз санги нафтзо дар Амрико афзоиш ёбад, дар он сурат бояд шумораи зиёди чоҳҳо парма карда шавад, чунки чоҳҳои алоҳида дар танҳоӣ захираи зиёд надоранд.

Ричард Чайлд чунин мегӯяд: “Ба ҳисоби миёна чоҳе, ки дар Арабистони Саудӣ ҳаст, 26 баробар бештар аз чоҳе ҳосил медиҳад, ки дар аёлати Дакотаи Шимолии Амрико ҳаст. Ин чоҳи санги нафтзо ҳоло намунавист.”

Бо вуҷуди боло рафтани мизони тавлиди нафт дар чаҳон то соли 2035 Ожонси Байналмиллалии Энержӣ пешгӯӣ мекунад, ки аҳолии ҷаҳон низ афзоиш меёбад ва ниёз ба нафт низ ҳамзамон 10 дарсад боло хоҳад рафт. Ба ин сабаб нархҳо мумкин аст дар ҳамин сатҳ боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG