Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Магистрҳо ҳам аз "облава" эмин нестанд


Бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.
Бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба магистрҳои худ иҷоза додааст то анҷоми муҳлати даъват ба артиш, ба дарсҳо ҳозир нашаванд.

Бо ин роҳ мақомоти Донишгоҳ мехоҳад муҳассилони магистратураи худро аз ҷалби иҷборӣ ба сафи артиш ҳифз кунад.

Матлуба Хоҷаева, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба бахши илмӣ ба Озодӣ гуфт: “Мутобиқи низомномаи даъват ба хидмати ҳарбӣ аспирантҳо ва донишӯён замони таҳсил набояд ба хидмат гирифта шаванд. Магистрҳо ҳамчун муҳассили зинаи дуюми таҳсил дар донишгоҳ имтиёзи баробар бо донишҷӯён доранд, аммо масъулони комиссариати ҳарбӣ инро қабул накарда истодаанд.”

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои ҳалли ин мушкил бо як номаи расмӣ ба вазорати маориф муроҷиат кард, вале посухе дарёфт накардааст.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 4 сол пеш ба системаи бисёрзинагии таҳсил гузашта, ҳамакнун донишҷӯён барои гирифтани дипломи дорои маълумоти “бакалавр” чаҳор сол ва барои “магистр” ду соли дигар таҳсил мекунанд. Ба ақидаи раҳбарияти донишгоҳ, ҷалби магистрҳо ба сафи артиш, низоми таҳсили донишҷӯёни марҳилаҳои болоиро халалдор месозад.

Давраи тирамоҳии даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми ноябр анҷом меёбад. Бино ба маълумоти расмӣ, комиссариатҳои ҳарбии вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавононро 95 дарсад иҷро карда, талош доранд дар чанд рӯзи боқӣ онро пурра намоянд. Аммо раҳбарияти комиссариати ҳарбии вилояти Суғд инро, ки ҷалби магистрҳо ба хотири пур кардани “нақша” сурат мегирад, қабул надоранд ва мегӯянд, ин амр қонунӣ сурат мегирад.

Эҳсон Ғанихӯҷаев, муовини аввали сардори комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба саволи Озодӣ – дар бораи сабаби ҷалби магистрҳо чунин посух дод : “Онҳое, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои маълумоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, дар давраи таҳсил ба хидмат даъват карда намешаванд. Аммо ин ба муҳассилони магистратура дахл надорад, чунки таҳсили онҳо ихтиёрӣ, мисли такмили ихтисос сурат мегирад. Гирифтани дипломи дараҷаи “бакалавр” маънии соҳиб шудани донишҷӯ ба ихтисоси касбиро дорад. Магистрҳо 1 сол хидмат мекунанд.”

Вақте ки ин гузориш омода мешуд, донишҷӯе ба дафтари Радиои Озодӣ занг зада гуфт, як гурӯҳ афроди низомипӯш дар назди бинои ректорати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳуҷҷати шахсияти ҷавононро тафтиш мекунанд: “Маро ҳам дошта, санад пурсиданд ва чун аз синну солам калонсол, тахминан 30 боло менамоям, зуд ҷавоб доданд. Дигар ман надидам, онҳо бо дигар бачаҳо чӣ карданд.”

Бархе коршиносон, аз ҷумла ҳуқуқшиносони ҷавони созмони ҷамъиятии “Ампаро” дар Хуҷанд вуҷуди ин мушкилро дар комил набудани низомномаи даъват ба хидмати ҳарбӣ мебинанд, ки дар он қатори донишҷӯёну аспирантҳо ба магистрҳо низ имтиёзи озодӣ аз хидмати ҳарбӣ замони таҳсил мушаххасан зикр нашудааст. Ба назари онҳо, чун системаи таълим нав шудаст, низомнома низ бояд ислоҳ карда шавад.
XS
SM
MD
LG