Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи Одобномаи интернетӣ таҳия шудааст ва дар назар аст, матни онро бо намояндагони васоити ахбори омма, созмонҳои интернетӣ, ходимони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва бо мутахассисони ширкатҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ба қавли Асомиддин Атоев, "Одобномаи интернетӣ" имкон медиҳад, ки фарҳанги иттилоотӣ ва муносибати ҷомеа бо интернет таҳким ёбад. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ибрози омодагӣ кардааст, ки дар масъалаи одобнома бо таҳиягарони он рӯзи ҷумъа суҳбат кунад.
Асомиддин Атоев мегӯяд, Одобномаи таҳиякардаашон, аз ҳарфҳои қабеҳ, дашном, истифодаи калимаҳои фаҳшо дар интернет ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Ӯ илова намуд, ки одобномаи интернетӣ таҷрибаи нав нест. Масалан, дар Бритониё мехнизме ба монанди одобномаи интернетӣ амал мекунад, ки истифода аз аксу наворҳои фаҳшро манъ мекунад.
«Таҳияи «одобнома» танҳо барои мардум нест. Мақомоти ҳукуматӣ низ муносибати худро ба маҳдуд кардани сомонаю хабаргузориҳо дигар хоҳанд кард. Зеро бастани сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон роҳи мусбати таъмини амнияти иттилоотии кишвар нест»- афзуд Асомуддин Атоев.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон ба далели истифодаи алфози қабеҳ ва танқиди мансабдорон дар "Facebook", дастрасӣ ба ин шабака масдуд шуда, то ҳол фаъол нагардидаст.