Шумораи зиёде аз кӯдакон, ба вижа духтарон тайи 11-соли гузашта ва ба таври афзоянда ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Аммо мутаассифона дар қисматҳои зиёде аз ин кишвар, ки шоҳиди ҷанги сӣ сола будаст, ҳанӯз дабистонҳои кофӣ ва муҷаҳҳаз бо васоили пешрафта вуҷуд надорад, ки ҳамагонро ба таҳсил фаро гирад.
Раҳбарони Афғонистон борҳо таъкид кардаанд, ки кишварашон ба теъдоди бузурги таҳсилкардаҳо, аз ҷумла, занону духтарон ниёз дорад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам дар ростои таҷдид ва барқарорсозии бахши маорифи Афғонистон тӯли ин солҳо миллионҳо доллар ихтисос додааст.
Хабарнигори Радиои Афғонистон озод дар навори зер аз макотибе дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон дидан намуд, ки бозгӯи воқеиятҳои вазъи таълиму тарбия дар ин кишвар аст.