Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горди миллӣ мегӯяд, музди ҳарбиён пардохта шудааст


Горди миллии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи пардохт нашудани маоши афсарону кормандонашро бепоя хонд.

Фармондеҳии Горди миллии Тоҷикистон мегӯяд, мушкиле дар пардохти маоши ҳарбиёни ин ниҳод вуҷуд надошта, танҳо баъзе аз муздҳои иловагии онҳо сари вақт дастрас нашудаанд. Аммо як афсари горд ба Радиои "Озодӣ" гуфт, кормандону афсарони ин ниҳод ду моҳ ба ин сӯ маош нагирифтаанд. Ӯ аз қавли масъулони Горди миллӣ гуфт, сабаби пеш омадани мушкил дар он будааст, ки маблағи маоши онҳо аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон пардохт нашудааст. Наздикони чанде аз афсарони горд низ таъхир дар пардохти дастмуздро тасдиқ мекунанд.

Аммо Баҳодур Бӯриев, як афсари Горди миллӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, то 1-уми январ ва пас аз он маоши тамоми кормандону афсарон пардохт шуда, то ин замон танҳо иддае аз пардохтҳои иловагӣ ба таъхир афтода буд, ки ҳоло он ҳам ба ҳисоби кормандон гузаронида шудааст: «Боз чанд пардохту имтиёзҳои дигар ҳаст, ки бо фоизҳои гуногун дода мешавад. Аммо маошашонро саривақт гирифтаанд. Шояд як - ду рӯз ба таъхир афтода бошад, аммо на ду - се моҳ. Ҳоло ҳамаашро гузарондаанд.»

Як афсари дигар гуфт, ходимони Горди миллӣ одатан то санаи 5-уми моҳ маоши худро дастрас мекунанд ва ҳоло ба далели ба рӯзҳои истироҳат рост омадани ин сана, рӯзҳои дигар маоши худро дастрас хоҳанд кард. Вай афзуд, аз «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ гирифтаанд, ки маоши онҳо ба ҳисобашон гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки Вазорати молия гуфта буд, ҳанӯз се моҳ пеш ҳамаи маблағҳои марбут ба Горди миллии Тоҷикистонро ба ихтиёри он фиристодааст. Маълум нест, дар ин байн чӣ мушкил пеш омада, ки сабаби таъхир дар пардохти музди кормандон ва афсарони горд шудааст.

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо чунин мушкилро ба он рабт медиҳанд, ки теъдоде аз афсарони горд дар Бадахшонанд. Онҳо аз давраи амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ дар моҳи июли соли гузашта ба Душанбе барнагаштаанд. Корманди маркази омӯзишии Горди миллӣ дар Душанеб, ки худро Амирбек муаррифӣ кард, ба Радиои "Озодӣ" гуфт, тамоми пардохтҳояшро гирифтааст ва ягон мушкил дар ин замина надошт: «Эҳтимол, онҳое, ки аз Душанбе ба Бадахшон сафари хидматӣ доштанд, маошҳои худро нагирифта бошанд. Онҳо, ки дар Бадахшонанд шояд ба банкоматҳо дастрасӣ надоранд.»

Горди миллии Тоҷикистон аз ниҳодҳои муҳими нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, ки дар оғоз Горди президентӣ ном дошт ва аз ҷумла амнияти раисҷумҳури Тоҷикистонро таъмин мекард. Ин ниҳод аз соли 2004 Горди миллӣ ном гирифт. Горди миллӣ аз иштироккунандагони чандин амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат, аз ҷумла дар минтақаҳои Тавилдараву Ғарм ва ахиран дар шаҳри Хоруғ буд.

Абдураҳмон Шарипов, собиқ корманди раёсати иктишофи Горди миллӣ, ки сафҳои онро соли 2010 дар пайи як мухолифат тарк кардааст, мегӯяд, мушкили молиявӣ дар Горди миллӣ ҳамеша вуҷуд дошт ва аз ҷумла ба худи ӯ низ имтиёзи 30-фоизаашро насупурда буданд: «Бахусус пардохти ҳаққи сафари хидматӣ бо таъхир ва ё умуман сурат намегирифт. Дар ҳамон амалиётҳое, ки дар шарқи кишвар гузаштанд, афсарон шабонарӯзӣ сафари хидматӣ доштанд. Аммо дар пардохти ҳаққашон мушкилиҳо пеш омада буд.»

Бино ба иттилои манобеи мо, чанд сол пеш ба далели мушкилоти молиявӣ як муҳосиби Горди миллӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG