Рӯзи сешанбе ширкати скандинавии Телия Сонера (TeliaSonera), ки яке аз тақдимкунандаҳои ҷаҳонии мухобироти бесим мебошад, изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки чанд сол пеш ҳангоми оғози кор дар Узбакистон ду намояндаи ин ширкат ба касе пора надода буданд ва дар шустушӯи пул ҳам нақше надоштаанд.
Соли 2007-ум TeliaSonera бо ширкати узбакиии Такилант (Takilant)ба маблағи 350 миллион доллар шартнома ба имзо расонида, муҷаввизи истифодаи мухобироти насли сеюм ё худ 3G-ро дар қаламрави Узбакистон ба даст овардааст.
Моҳи декабри соли гузашта телевизиони мардумии SVT-и Шветсия як барномаи мустанадеро намоиш дод, ки дар он шоҳидон бар пояи дидаву шунидаашон гуфтанд, режими Узбакистон аз сармоягузорони хориҷӣ миллионҳо доллар ришва мегирад. Барнома "TeliaSonera ва духтари диктатор" ном дошт.
Муаллифони барнома таъкид мекарданд, ки ширкати TeliaSonera Telecom, ки қароргоҳаш дар Шветсия мебошад, ба духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова 250 миллион доллар пора додааст, то ба бозори хадамоти мухобиротии Узбакистон роҳ ёбад.
Дар ин барнома ду масъули TeliaSonera дар бораи музокироти соли 2007 маълумот доданд.
Ба гуфти онҳо дар моҳҳои феврал ва марти соли 2007 Беҳзод Аҳмадов ном шаҳрванди Узбакистон, ки худ дар як ширкати хадамоти мобилӣ ифои вазифа мекард, аз номи Гулнора Каримова бо намояндагони TeliaSonera вохӯрда, шароити тақдими муҷаввизи истифодаи фанновариҳои 3G ва ҳаққи истифодаи мавҷ дар Узбакистонро баҳс кард ва дар натиҷаи музокирот TeliaSonera ҳамчун пешшарти кор дар Узбакистон ба ширкати Takilant, воқеъ дар Ҷибралтар, 250 миллион доллар интиқол дод. Takilant-ро хонуми 24-сола Гаяне Авакян раҳбарӣ мекунад, ки аз наздикони Гулнора Каримова ба шумор меравад.
Ҳафтаи гузашта идораи додситонии Шветсия ба додгоҳи ин кишвар як идда санадҳоеро тақдим кард, ки бар пояи он ба эҳтимоли зиёд ҳангоми таҳияи иҷозатномаи фаъолият дар Узбакистон ширкати TeliaSonera ба Гулнома Каримова тавассути ширкати Takilant ришва тақдим кардааст.