Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манобеи Сарраёсати пулиси вилояти Маскав гуфтааст, ҳангоми боздошти ронандаи як мошини сабукрав афсарони пулис аз силоҳи оташфишон истифода бурда, як нафарро бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол додаанд.
Ба навиштаи ҳамин хабаргузорӣ субҳи барвақти 12-уми январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав мошини ВАЗ-21093 мошини пулисро дида, кӯшиш кард, аз он фирор намояд. Вале афсарони пулис онро дарёфт намуда, пеши роҳашро гирифтаанд.
Ба қавли Сарраёсати пулиси вилояти Маскав дар дохили мошини сабукрав панҷ шаҳрванди аз 18 то 23-солаи Тоҷикистон будаанд. Афсарони пулис иддао доранд, ки ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо яке аз боздоштшудагон бо корд ба онҳо муқовимат намуд ва афсарон ибтидо ба ҳаво тир холӣ намуда, сипас, ӯро ҳадаф қарор додаанд.
Ҳоло ин фарди маҷрӯҳ дар шифохона ва 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар боздошт мебошанд. Мақомоти интизомии Русия таҳқиқи зарурати истифодаи силоҳ аз ҷониби афсари пулисро оғоз намудааст.