Вай дар ин тазоҳурот иддао кард, ки ҳукумат натавонистааст бо ришвахориву терроризм муборизаи муассир анҷом диҳад ва худи ҳукумат дар ришвахорӣ даст дорад.
Аз сӯи дигар, Додгоҳи Олии Покистон дастури ҳабси нахуствазир, Раҷо Парвиз Ашрафро содир кардааст.
Дар як гуфтугӯ аз Абдулҳай, таҳлилгари умури Покистон дар Радиои Озодӣ пурсидам, ки охирин хабарҳо аз Покистон чӣ аст?
Абдулҳай: Дар Исломободи Покистон ҳамзамон ду рӯйдоди бузург ҷараён дорад. Яке “Раҳпаймоии тӯлонӣ”, ки ба раҳбарии Мавлоно Тоҳир Кодирӣ, сиёсатмадори мухолиф, анҷом мегирад ва дигарӣ хабари тозатарест ва тибқи он Додгоҳи Олии Покистон дастур додааст, то нахуствазири кишвар ба ҳабс гирифта шавад. Вай барои он муттаҳам мешавад, ки дар гузашта дар мақоми вазири энержӣ ба ришвахорӣ ва сӯиистифода аз мақом роҳ додааст. Барои ҳамин Додгоҳи Олӣ дастури ҳабси нахуствазирро содир кард.
Озодӣ: Оё ин ду рӯйдод, яъне дастури Додгоҳи Олӣ ва тазоҳуроти эътирозии ҷонибдорони Қодирӣ ба якдигар иртибот доранд?
Абдулҳай: Вазъи Покистон, сиёсати он ва интститутҳои он чандон шаффоф нестанд.Бо вуҷуди ин, баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки байни тасмими додгоҳ ва тазоҳуроти Мавлоно Қодирӣ иртибот вуҷуд дорад. Таҳлилгарон ва баъзе қишрҳои ҷомеаи Покистон мегӯянд, ки артиши Покистон дар паси Мавлоно Қодирӣ қарор дорад ва аз тазоҳурот ҳимоят мекунад ва хостори сарнагунии ҳукумат аст. Дар айни замон равобити ҳукумати интихобшудаи кунунӣ бо артиш ва қувваи қазоӣ хуб нест. Барои ҳамин баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки байни тасмими додгоҳ ва тазоҳуроти эътирозии Мавлоно Қодирӣ иртибот ҳаст.
Озодӣ: Таҳлилгарон ба барномаҳои ҳукумати кунунӣ бартарӣ қоиланд ё ба барномаҳои Мавлоно Қодирӣ, ки акнун хостори сарнагунии ҳукумат шудааст?
Абдулҳай: Мавлоно Муҳаммад Тоҳир Қодирӣ ҳар вақт шиорашро тағйир медиҳад. Вақте, ки вай ҷонибдоронашро ба тазоҳуроти эътирозӣ даъват кард, изҳор дошт, ки онҳо мехоҳанд ба ҷои ҳукумати кунунӣ ҳукумати муваққатиро рӯи кор оранд ва артиш бояд бахше аз ин ҳукумати муваққатиро ташкил диҳад. Аммо акнун ин шиорашро тағйир додааст ва мегӯяд, ки мо инқилоб мекунем. Бо назардошти ин мешавад гуфт, ки вай барномаи рӯшане надорад. Вай одамонро ба Исломобод овардааст ва нигаронии аслӣ ин аст, ки нооромӣ рух надиҳад. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки низомиён метавонанд ҳукматро бигиранд, он гуна, ки дар аёлати Балуҷистон рух дод ва ё он гуна, ки Парвиз Мушарраф дар оғози раёсаташ ба чунин кор даст зада буд.
Озодӣ: Оё Мавлоно Муҳаммад Қодирӣ аз ҳимояти кофӣ бархӯрдор аст, ки дар интихоботи баҳори соли ҷорӣ пирӯз шавад?
Абдулҳай: На, вай наметавонад интихоботро бибарад, барои он, ки вай сиёсатмадоре нест, ки дар саросари Покистон ба таври яксон аз вай ҳимоят кунанд. Вай фақат дар миёни гурӯҳи мазҳабии Брелӣ пайравони қотеъ дорад. Ин гурӯҳи мазҳабӣ аслан дар Панҷоб ба сар мебарад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки вай дар интихобот пирӯз намешавад, барои ҳамин мехоҳад тазоҳуротро роҳи расидан ба ҳадаф қарор диҳад.
Озодӣ: Мавлоно Қодирӣ кист ва чӣ гузаштае дорад?
Абдулҳай: Шахсияти вай хеле ҷолиб аст. Шахсияти зиддунақиз аст. Раҳбари мазҳабист. Вай аз ҷонибдорони Парвиз Мушарраф буд, сипас аз Маҷмаи Миллӣ ё парлумон истеъфо дод ва ба Канада рафт. Дар он ҷо тақрибан 6 сол ба сар бурд. Ҳоло баргаштааст ва шабакаи бузурги хайрияро роҳандозӣ кардааст. Ононе, ки вайро мешиносанд ба вай бовар намекунанд, барои он ки вай шиорҳои худ ва мавзеъгириҳои сисёсии худро тағйир медиҳад.