Беш аз 70 ҳазор сокини Хатлон дорои як ё якчанд маълумоти олӣ будаанд, ки тақрибан ду баробар бештар аз замони Шӯравист. Ҷумъахон Ашӯров, корманди масъули сарраёсати омори вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, қариб 60 ҳазор нафар аз таҳсилдидаҳои мактабҳои олӣ мардҳо ва беш аз 11 ҳазор нафарашон занон будаанд. Дар вилояти Хатлон чизе беш аз 380 ҳазор нафар аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ба сар мебаранд, яъне мешавад, гуфт, панҷяки аҳолии қобили кор дар вилоят дорои маълумоти олӣ будаанд.
Ҷумъахон Ашӯров ҳарчанд гуфта натавонист, ки замони ҳукумати Шӯравӣ дар вилояти Хатлон дақиқан чӣ теъдод таҳсилдидагони макотиби олӣ кору зиндагӣ доштанд, аммо афзуд, "ҳоло беш аз 22 ҳазор нафар аз дорандаҳои дипломҳои мактабҳои олӣ, аз ҷумла зиёда аз 5 ҳазор нафарашон занон, дар шаҳрҳои вилоят ва 48 ҳазор нафар, аз ҷумла 6 ҳазор зани соҳибмаълумот, дар деҳоти вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд."
Тӯрақул Мамадқулов, коршиноси масоили меҳнат, мегӯяд, ҳарчанд шумори афроди таҳсилдида дар макотиби олӣ феълан дар қиёс бо ду даҳсолаи пеш афзудааст, аммо ӯ дараҷаи касбияти мутахассисони замони Шӯравиро бамаротиб болотар медонад: "Ҳоло маълумоти олӣ гирифтан хеле осон аст, инро ҳама медонад. Ҳатто баъзеҳо ҷамъоварии диплом мисли хоббӣ аст, аммо саводи мувофиқ надоранд. То пошхӯрии Шӯравӣ ба интихоби кадр диққати ҷиддӣ дода мешуд, мутахассисонро дар зинаҳои гуногун тарбия мекарданд, аксарияти онҳое, ки таҳсилдидаи мактабҳои олӣ буданд, 80-90 фоиз омодаи кор дар соҳаи худ буданд. Аммо ҳоло чунин нест. Забонҳои хориҷӣ як тараф истад, баъзан забони давлатиро хуб намедонанд, дониши мукаммал надоранд. Албатта, баъзан мебинем, ки камсаводҳо ҳам бо ҳар роҳ соҳиби мансаб мешаванд, аммо аксаран азбаски ҷойи кор намеёбанд, ба мардикорӣ мераванд."
Дар ҳамин ҳол, Давлати Шоҳэътибор, устоди донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, афзоиши шумораи таҳсилдидагони макотиби олӣ ба афзоиши теъдоди донишгоҳу донишкадаҳо дар Тоҷикистон ва бекории шумораи қобили мулоҳизаи ҷавонон марбут аст. Ӯ аз таҷрибаи Ҷопон мисол овард, ки беш аз 90 дарсади аҳолии қобили кораш дорои маълумоти олӣ ва ҷойи кори доимӣ мебошанд. Аммо ҷаноби Шоҳэътибор низ иқрор мекунад, ки коҳиши сифати таълим ва дониши соҳибдипломҳои тоҷик бахусус дар солҳои баъд аз истиқлолият яке аз сабабҳои ақибрафти кишвар аст.
Давлати Шоҳэътибор мегӯяд, "талошҳо барои беҳбуд бахшидан ба сифати таълим ва таъмини шароити тадрис дар донишгоҳҳо ҳаст, аммо ҳанӯз нокофист. Дар донишгоҳҳо шумораи донишҷӯёни тасодуфӣ бисёр аст, баъзан ҷавонон ҳатто ошкоро мегӯянд, ки танҳо барои нарафтан ба артиш, шомили донишгоҳ шудаанд. Ба илмомӯзӣ беҳавсала мебошанд. Барои ҳамин аз онҳо мутахассиси хуб намебарояд. Аз сӯйи дигар, ҷавонон мутмаин нестанд, ки бо дипломи мегирифтаашон шуғли муносиб меёбанд. Баъзан донишҷӯёни аълохони мо, ки дар муассисаҳои давлатӣ ҷойи кор намеёбанд, мераванд ба ташкилотҳои байналмилалӣ. Ин аламовар аст."
Мақомоти давлатии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба сифати пасти таълим дар донишгоҳҳо ва сатҳи дониши соҳибдипломҳо, дар интихоби мутахассисон ба кор бештар ба онҳое авлавият медиҳанд, ки макотиби олиро то соли 1992, дар замони Шӯравӣ, хатм кардаанд. Соли гузашта шаҳрдории Душанбе ҳам зимни эълони озмуни ишғоли ҷойи кори холӣ дар мақомоти давлатӣ таъкид карда буд, ки ба дорандаҳои дипломи донишгоҳҳои замони Шӯравӣ бартарӣ дода мешавад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам изҳор дошта буд, ки ҳатто дониши фориғуттаҳсилони аълохони донишгоҳҳо низ барои пазируфта шудан ба ниҳоди зери раҳбарияш кифоят намекунад.
Абдувалӣ, ҷавони дӯкондоре дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки хатмкардаи риштаи ҷуғрофиёи донишгоҳ аст, гуфт, азбаски мутобиқи димломи худ ҷойи кор пайдо накард, ночор рӯ ба тиҷорат овард. "Ба чанд ҷой муроҷиат кардам, аммо гуфтанд, ки мутахассиси соҳаи ҷуғрофиё барои мо лозим нест. Бояд биравӣ ба кори мактаб. Аммо маоши омӯзгорӣ барои таъмини рӯзгор хеле кам аст, намерасад. Барои ҳамин, ҳоло бо дипломи маълумоти олӣ дар бозор кор мекунам",-афзуд ӯ.
Ду бародари Абдувалӣ низ, ба гуфтаи худаш, хатмкардаи донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ҳастанд, аммо онҳо низ аз рӯйи ихтисоси худ дар ватан шуғли муносибе пайдо накарда, ҳоло дар Русия мардикорӣ мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳоло дар мақомоти давлатии вилояти Хатлон ҳудуди 4 ҳазор нафари маълумоти олидор кор мекунанд, ба иддаои коршиносон, аксари соҳибдипломҳо феълан дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд ва дар Русия касе "дипломи мутахассис"-ро, ки мактаби олӣ ба онҳо додааст, суроғ намекунад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамзамон қариб 11,5 ҳазор нафар дар вилояти Хатлон дорои маълумоти олии нопурра ва 75 ҳазор нафари дигар дорои маълумоти миёнаи касбӣ ҳастанд ва 24 ҳазор нафар дар донишгоҳҳо ба хотири дарёфти маълумоти олӣ таҳсил доранд.