Баъди арзёбии ҳамаи таҷҳизоти асосӣ ва хатҳои тавлиди алюминиум аз назари нерӯталабӣ, муҳандисони 5 ширкат ба раҳбарии Норск Энержӣ гуфтаанд, роҳҳои осону арзоне вуҷуд дорад, ки истеъмоли барқ дар ТАЛКО - ро ба таври чашмгир кам мекунад. Дар сурати навсозии баъзе аз таҷҳизоти қадимии тавлиди алюминиум ва тағйири шеваи кор дар Талко, ба гуфтаи мутахассисон, таъмини хонаҳои мардум бо нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои 2009-2011 25 дарсад ва ё 578 гигават соат меафзояд.
Аудитро бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ ширкатҳои Norsk Energi, SINTEF Materials and Chemistry, ЭСКО Энергоинжиниринг ва Таджгидро анҷом дода ва барномаи амалеро ба Талко пешниҳод кардаанд. Мутахассисон мегӯянд, дар сурати иҷрои ин барнома, бузургтарин истеъмолкунандаи нерӯи барқи Тоҷикистон аз назари энержӣ худкифо хоҳад шуд ва муштариёни зиёди дигар ҳам дар фасли зимистон нерӯи барқ хоҳанд дошт. Дар барномаи амал 33 роҳе пешниҳод шудааст, ки истифодаи нерӯи барқу газро дар Талкоро ба таври қобили мулоҳиза камтар мекунад.
Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки баъзе аз таҷҳизоти “Талко”, ки соли 1979 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, кӯҳна шудаанд ва аналогҳои муосири он вуҷуд доранд, ки бамаротиб нерӯи барқро кам мегиранд ва маҳсулоти бештар тавлид мекунанд. Талко бузургтарин тавлидкунандаи алюминиум дар Осиёи Марказӣ аст ва 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби он мебошад.
Айни замон Талкоро бузургтарин молиётдиҳанда (андозсупоранда) дар кишвар медонанд, ки солона каму беш аз 360 ҳазор тонна алюминиум тавлид мекунад. Мутахассисон гуфтаанд, ки дар сурати амалӣ кардани 11 барнома, ки ҳеҷ омодагие барои он лозим нест, Талко метавонад 129 гигават соат нерӯи барқ сарфаҷӯӣ кунад ва барои ин корҳо танҳо 1 миллиону 600 ҳазор доллар лозим аст. Иҷрои барномаҳои дигари навсозӣ 4 сол ва 85 миллион долларро талаб мекунад. Дар маҷмӯъ, иҷрои комили барномаи амал, ки 7 солро дар бар хоҳад гирифт, ба Талко имкон медиҳад, ки ҳар сол 1 миллиарду 155 гигават соат нерӯи барқ ва ё 20 дарсади талаботи солҳои 2009-2011 кам кунад ва истеъмол аз шабакаи миллии нерӯи барқ дар Тоҷикистон 132 мегават кам шаваду барои дигарон монад.
Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар ин бора нашр кардааст, гуфта мешавад, худи Талко ҳам метавонад аз ҳисоби коҳиши истеъмоли нерӯи барқ солона 49 миллион доллар сарфаҷӯӣ кунад. Дар Тоҷикистон, ки 70 дарсади аҳолиаш зимистон танҳо чанд соат нерӯи барқ доранд, Талко 40 дарсади нерӯи барқи ҳосилшуда дар кишварро истеъмол мекунад.