Тибқи иттилои расмӣ то кунун 200 ҷавони тоҷик дар ин кишварҳо боқӣ мондаанд.
Бозгардони донишҷӯёни мактабҳои динӣ аз кишварҳои исломӣ дар соли 2010 оғоз ёфта буд. Бино бар баёнияҳои расмӣ, ҳадаф ин буд, ки ҷавонон зери таъсири равияҳои бегона қарор нагиранд. Худи ҳамон сол 1400 ҷавон ва дар соли гузашта 1621 нафар ба Тоҷикистон оварда шуданд. Аммо имрӯз ин ҷавонон куҷоянд ва чӣ зиндагие доранд? Оё ҳадафҳои ҳукумат аз ин ташаббус бароварда шуданд?
Дар сӯҳбат бо мо аксари ҷавонони бозгашта гуфтанд, онҳо ба “салом”-и ҳукумат “алейк” гуфтанду омаданд, вале ҳукумат ваъдаашро, ки чунин ҷавонон дар дохили кишвар бо таълими динӣ фаро гирифта хоҳанд шуд, иҷро накард.
Ҷамолиддин Ҳалимов яке аз ин ҷавонон аст. Ӯ дар пайи даъвати президент, соли 2010 ба Тоҷикистон омад. Ҷамолиддин 3 сол дар риштаи форсию арабии яке аз донишгоҳҳои Зоҳидон таҳсил кардааст ва мегӯяд, бо бозгашт ба Тоҷикистон, 3 соли таҳсил ва зиндагиаш барҳадар рафт. Ваъдаҳое, ки ба ҳангоми бозгашт аз Эрон масъулин барояшон доданд, дар Тоҷикистон амалӣ нашуд. Ӯ аз таҳсил дур монда, ба сафи муҳоҷирони меҳнатии кишвар пайваст.
Ӯ мегӯяд, «Ваъда дода буданд, ки дар ҳар донишгоҳе, ки мехоҳед вобаста ба донишатон метавонед шомил шуда таҳсил кунед. Розӣ шудем, омадем, аммо ин ҷо маҷлис карданд ва гуфтанд намешавад ва метавонед дар донишкадаи исломӣ таҳсил кунед. Аммо барои таҳсил дар он ҷо ҳам муваффақ нашудем ва чун вазъи оилавиамон хуб набуд, маҷбур шудам, ки ба Русия равам, мардикорӣ мекунам. Баъди як соли кор омада дар донишгоҳи миллӣ имтиҳон супоридам дохил нашудам ва ҳамин тавр мардикорӣ мекунам ҳоло.»
Аксари ин ҷавонон мегӯянд, онҳо дар хориҷ аз кишвар ба таври ройгон ва бо дарфёти кӯмакпулӣ зиндагӣ ва таҳсил мекарданд. Бино бар ин, аз нигоҳи молӣ мушкиле надоштанд, аммо гарон будани маблағи шартномаи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон боис шудааст, ки онҳо дигар тарки таҳсил кунанд.
Вале баръакси аксар дигар ҳамсабақонаш бахт ба рӯйи Шарофиддин, ҷавони дигаре, ки дар пайи маъракаи бозгардони донишҷӯёни тоҷик аз Эрон оварда шуд, хандидааст. Шарофиддин соли саввум аст, ки дар Донишкадаи исломии кишвар таҳсил мекунад, аммо мегӯяд ин ҳам барояш ба осонӣ даст надодааст:
«Бо як мушкилӣ дохил шудам, аммо ҷавонони зиёдеро медонам, ки дигар имкони таҳсилу дохилшавӣ наёфтанду бекор монданд. Аксари ҷавонон дигар ба Русия рафтанд ё дар ҳамин Душанбе мардикорӣ мекунанд. Фарқи дарсҳо ҳам инҷо ин аст, ки баъзе дарсҳое, ки онҷо буданд ва махсус ба ихтисоси ман рабт доштанд инҷо нестанд.»
Аммо оморҳои расмӣ мегӯянд, аксари он ҷавононе, ки баъди бозгашт барои таҳсил ба вазорати маориф муроҷиат кардаанд, ба донишгоҳу риштаҳои дилхоҳи худ шомил шуданд ва онҳое, ки дар хориҷ риштаи динӣ таҳсил мекарданд, ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Алидод Расулов, як масъули вазорати моарифи кишвар мегӯяд: «Аммо ин ҷо як масъалаи дигар ҳам ҳаст, баъзе донишҷӯёне буданд, ки мехостанд донишгоҳи тиҷорат ё соҳибкорӣ ва хизмат раванд, аммо мутаассифона фаъолияти ин донишгоҳҳо тиҷоратӣ аст ва онҳо наметавонанд он ҷо ройгон таҳсил кунанд, вале дар донишгоҳҳои, ки мо бахшҳои буҷавӣ дорем, донишҷӯён метавонистанд бе ягон мушкил, тариқи имтиҳон ва вобаста ба донишу риштаи таҳсилкардаи худ шомил шаванд.»
Бо назардошти ин вазъ ва сатҳи баланди бекорӣ дар Тоҷикистон, ҳанӯз аз замони шурӯъи маъракаи бозгардонии ҷавонон аз хориҷи кишвар, коршиносон ҳадс мезаданд, ки таъмини ин теъдод аз ҷавонони бемаълумот бо ҷойи кор ва фарогирии онҳо бо таҳсил, мушкил хоҳад буд. Гуфта мешавад бахши зиёди ин ҷавонон бо баҳонаи кор дар Русия, дубора барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ баргаштанд.
Мавлон Мухторов, масъули кумитаи дин ҳам мегӯяд, онҳо аз ин огоҳанд: «Мо ҳам чунин иттилоъ дорем, ки бархе баргашта дубора таҳсил доранд дар хориҷ, аммо ба ҳар сурат ҳоло теъдоди ҷавононе, ки дар мактабҳои динии кишварҳои хориҷ ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, кам шудаанд ва ин ҷараён то бозгашти охирин донишҷӯ идома хоҳад кард. Аммо аслан ин ҷавонон озоданд ва мақомот ҳам мусоидат дорад то онҳо ба кор таъмин шаванду маълумоти олӣ бигиранд.»
Бархе аз таҳлилгарон ҳарчанд аз як сӯ ин иқдоми ҳукумати кишварро ар роҳи ҷилавгирӣ аз хатарҳои гароииши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мусбат арзёбӣ кунанд, ҳам аммо роҳи пешгирифтаи масъулонро дар ин самт чандон муассир намедонанд.
Аҳмадхӯҷа, таҳлилгари ҷавони тоҷик, мегӯяд барои бозгардон ва қабули ин теъдоди бузурги ҷавонон аз хориҷ ҳукумат мебоист аз пеш омодагии хуб мегирифт: «Давлат омода набуд ба қабули ин ҷавонон, агар каму бешаш шомил шуданд ба донишгоҳҳо, дигар қисми бештараш бекор монданду дубора аз кишвар хориҷ шуданд ва тавре маълум ҳама мушкилот аз ҳамин бекорӣ сар мезанад.»
Бино бар оморе, ки Кумитаи дини Тоҷикистон дар соли 2012 нашр кард, 206 нафари ҷавонони бозгашта дар кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 760 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. 500 нафари дигар барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд.