Ғолибони онро донишмандони шинохтаи кишварҳои мусулмоннишин интихоб мекунанд. Муҳаммад Алӣ, раиси ин бонк рӯзи якшанбе бо эъломи барандагони ҷоизаҳои 100 ҳазор долларӣ гуфт, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино сазовори ҷоиза дар бахши пажӯҳишгоҳҳое шудааст, ки аз ҳама зиёд ба таҳқиқоту мақолаҳои он истинод кардаанд.
Барои дарёфти ҷоизаи мазкур номзадии 17 муассиса аз кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд пешниҳод шудааст ва дар заминаи истинод, баҳои баландро Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гирифтааст.
Ба навиштаи Бонки Исломии Рушд, ин муассисаи илмӣ бузургтарин муассисаи таълимиву илмӣ дар Тоҷикистон аст ва тайи 5 соли гузашта 145 ихтироъу навоварӣ карда ва теъдоди зиёди мақолаҳои илмӣ ва китоб нашр кардааст. Бонки Исломии Рушд мегӯяд, ки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳамчунин бо ниҳодҳои дохилӣ ва минтақавиву байналмилалӣ ҳамкориҳои бисёр қавӣ дорад.
Убайдулло Қурбонов, ректори донишгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номаи расмӣ дар бораи пирӯзии донишгоҳ ба онҳо расидааст. Ҷоизаи мазкурро рӯзҳои 21-22 май дар шаҳри Душанбе дар нишасти солонаи шӯрои ҳукоми Бонки Исломии Рушд ба соҳибонашон хоҳанд супурд.
Ду барандаи дигари ҷоизаҳои бонк, Пажӯҳишгоҳи Илмии Лубнон ва Пажӯҳишгоҳи Нерӯи Офтобии Малайзия шудаанд. Бонки Исломии Рушд, соли 2002 ба хотири рушди илмиву тавоноии кишварҳои узв се ҷоиза барои илму фанновариро таъсис дода буд.
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 1939 таъсис шуда, ягона мактаби олии тиббӣ дар кишвар ба шумор меравад.