Ба шарофати як маъракаи интернетӣ наврасони афғон Фавод Муҳаммадӣ ва Ҷавонмард Поиз имкон ёфтаанд, ки рӯзи якшанбе рӯи гилеми сурхи Ҳолливуд қадам гузошта, ҳамроҳ бо ситораҳои ҷаҳонӣ дар маросими 85-уми тақдими ҷоизаҳои Оскар ширкат варзанд.
Ин ду навраси афғон дар филми кӯтоҳметражи “Buzkashi boys” ё ба забони тоҷикӣ “Бачаҳои човандоз” нақш офаридаанд.
Танзимгари амрикоии ин филм Сэм Френч мегӯяд, филми “Buzkashi boys” яке аз довталабони Оскар дар миёни филмҳои кӯтоҳметраж аст, вале наврасони 14-солаи афғон пул надоштанд, ки дар маросими тақдими Оскар ширкат варзанд. Аз ин рӯ, филмсозон дар интернет як маъракаи ҷамъи сармоя барои сафари Фавод ва Ҷавонмардро оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳ мушкилиро аз байн бурданд.
20-уми феврал ҳангоми вуруд ба шаҳри Лос Анҷелес Фавод ҳаяҷонашро пинҳон накарда, таъкид менамуд, ки хеле хушҳол аст.
Фаводи Муҳаммадӣ соли гузашта баъди нашри филми мустанад дар борааш машҳур шуд. Ин навраси ятим бо чашмони сабзаш дар Кобул ба воя расидааст. То соли гузашта Фавод дар яке аз бозорҳои пойтахти Афғонистон барои сайёҳони хориҷӣ харита мефурӯхт.
Навраси дигаре, ки дар ин филм нақш бозидааст, ҷавонмарди Поиз писари оҳангар аст, ки дар коргоҳи падараш табар тез мекунад. Ҷавонмард мегӯяд, филм ҳаёти ӯро комилан тағйир дод: “Тағйир бузург аст. Дар бозор мардуми зиёд маро мешиносанд. Онҳо мехоҳанд бо ман акс гиранд ва ман аз он хеле хушҳолам.”
Ин ду наврас тасмим гирифтаанд, ки дар давоми як ҳафтаи боздид аз Ҳолливуд аз ҷойҳои маъруфи иёлати Калифорния боғи Диснейленд ва Студияҳои Юниверсал зиёрат намуда, бо ҳунармандони маъруф ба монанди Силвестр Сталлоне ва Ал Пачино вохӯранд.
Таҳиягари филм Сэм Френч мегӯяд, онҳо саъй мекунанд, ки ин сафар барои наврасони афғон ҳодисаи фаромӯшнашаванда бошад: “Худи ҳамин чиз, ки мо на дар бораи ҷангу бомбаву тир сӯҳбат мекунем, қадами бузурге ба пеш аст. Умедворам, мо нишон хоҳем дод, кӯдакони саросари олам аз ҳам фарқе надоранд. Нақшофарандагони филми Бузкашӣ ҳам мисли дигар кӯдакони олам ҳастанд. Агар муваффақ шавем, хеле хуб мешавад.”
Барои сафари наврасони афғон 10 ҳазор доллар лозим буд. Дар чорчӯби мааракаи интернетии ҷамъи сармоя барои ин сафар 239 сокинони 13 кишвар ва аз ҷумла ИМА, Афғонистон, Ҳиндустон ва Олмон 11751 доллар ҷамъ карданд. Бар илова, ширкатҳои ҳавоии Туркия барои сафари Фаводу Ҷавонмард ва сарпарастони онҳо роҳкирои бепул фароҳам овардааст.
Аслан, филми “Бачаҳои човандоз” лоиҳаи студияи Афғон филм аст, ки бо омӯзишу парвариши филмсозони афғон машғул мебошад.