Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии Толибон дар Афғонистон тундравҳои Осиёи Марказиро илҳом мебахшад


Замоне аз Бадахшони Афғонистон ба унвони минтақаи ором ном мебурданд ва маҳз ба ин хотир як сол пеш НАТО масъулияти амниятиро ба нерӯҳои дохилии Афғонистон вогузор кард.

Вале вақтҳои ахир вазъ дар ин минтақа тағйир ёфтааст ва Толибон ҳузури худро дар ин минтақа густариш медиҳанд. Ҳатто дар ин чанд рӯзи ахир аз даргириҳои мусаллаҳонаи Толибон бо нерӯҳои давлатӣ дар вулусволии Вардуҷ, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, хабарҳо пахш шуд. Ин даргириҳо аз як ҳафта ба ин сӯ идома доранд. Толибон дар ин минтақа чӣ ҳадафҳоро пайгирӣ мекунанд ва чаро мехоҳанд дар Бадахшон ҳузури худро густариш диҳанд?

Атиқулло Берёлай, таҳлилгари низомии минтақа ва собиқ муовини вазири дифои Афғонистон, минтақаи Бадахшонро аз ду ҷиҳат барои Толибон муҳим медонад: “Бадахшон аз ду ҷиҳат мавриди таваҷҷуҳи Толибон аст: яке ба унвони пойгоҳи асосӣ барои густариши фаъолият дар тамоми шимоли Афғонистон ва дувум ба унвони як даҳлези нуфуз аз тариқи шимоли Афғонистон ба Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва соири кишварҳо хоҳад буд.”

Дар ҳоле, ки нерӯҳои НАТО таваҷҷуҳи худро ба Бадахшони Афғонистон камтар кардаанд, таҳлилгарон мегӯянд, Толибон аз он истифода мекунанд ва ҳузури худро дар он ҷо густариш медиҳанд.

Генерал Имомуддин Мутмаин, фармондеҳи пулиси Файзободи Афғонистон, ки фармондеҳии амалиёти нерӯҳои афғонӣ дар Вардуҷро дар ин рӯзҳо бар ӯҳда дорад, аҳамияти нерӯҳои НАТО дар Бадахшонро муҳим медонад, вале мегӯяд: “Нерӯҳои НАТО дар ин ҷо як андоза муассирияти худро доранд, вале набуди онҳо ба ин маъно нест, ки боиси афзоиши Толибон шуда бошад.”

Аммо таҷрибаи рӯзҳои ахир ва ҷангҳо бо Толибон дар вулусволиҳои Вардуҷ ва Ҷерм нишон дод, ки нерӯҳои давлатӣ аз лиҳози тавонмандӣ ва фармондеҳӣ заифанд ва наметавонанд бо Толибон муқобила кунанд.

Атиқулло Берёлай мегӯяд: “Агар ҳузури нерӯҳои ҳавоии НАТО набуд, Толибон дарвоқеъ ҳузури худро густариш медоданд. Раиси ҷумҳури Афғонистон шахсан аз нерӯҳои НАТО тақозо кард ва ин амалиёти ҳавоии НАТО буд, ки сабаби муталошӣ шудани муқовимати Толибон ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат дар минтақа шуд. Бинобар ин, агар кӯмаки нерӯҳои ҳавоии НАТО набошад, эҳтимолан Толибн на танҳо дар Бадахшон, балки дар минтақаҳои дигари шимол ҳам ҳузури худро инкишоф медиҳанд.”

Дар остонаи хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 Толибон саъй хоҳанд кард, ки дар Бадахшони Афғонистон таҷриба андӯзанд ва ин таҷрибаро баъд аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар вилоятҳои дигар низ дар оянда истифода кунанд.

Дар марҳилаи кунунӣ ҳукумати марказии Афғонистон аҳамияти низомӣ ва стратегии шимоли шарқи Афғонистонро аз мадди назар дур гузоштааст ва шояд ба ҳамин сабаб Толибон он ҷойро чун нуқтаи заиф шинохтаанд ва акнун талош мекунанд, ки дар он ҷо ҳузури худро тақвият диҳанд.

Бо назардошти чунин вазъ Атиқулло Берёлай пешниҳод мекунад, ки ҳукумати марказӣ бояд дар Бадахшон як сипоҳ ва ё як лашкари кӯҳӣ ташкил кунад, то он битавонанд ба пойгоҳҳои эҳтимолии Толибон дар Бадахшон ҳамла барад ва ҳузури онҳоро заиф кунад.

Генерал Имомуддин Мутмаин, фармондеҳи минтақа, ҳамзамон роҳҳои музокираро ҳам бо Толибон истисно намедонад ва мегӯяд ононеро, ки аз давлат ҷудо ҳастанд, аз ин роҳ низ ба ҷониби давлат ҷалб ва мушкилоти амниятиро ҳал кардан мумкин аст.

Вале он чӣ ба масъалаҳои амнияти марзӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус бо Тоҷикистон, иртибот дорад, генерал Имомуддин Мутмаин мегӯяд, ки вазъ дар марз ором аст ва онҳо бо ҷониби Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд: “Нерӯҳои сарҳадии Афғонистон ва Тоҷикистон ҳамеша муфоҳимаҳое доранд ва байнашон барои ҳифозати ду тарафи сарҳад иртиботи телефонӣ вуҷуд дорад.”

Дар гузаштаҳо Толибон барномаҳои баландпарвозонае дар сар мепарвариданд ва ҳатто баъд аз Афғонистон кишварҳои Осиёи Миёнаро ҳадаф қарор дода буданд. Вале солҳои ахир барномаҳои онҳо тағйир ёфтааст ва таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳоло ҳадафи Толибон танҳо Афғонистон аст ва онҳо намехоҳанд вазъ дар кишварҳои минтақаро ноором созанд.

Бо вуҷуди ин, Толибон якдаст нестанд. Дар миёни онҳо нерӯҳои мухталиф, аз ҷумла қочоқчиёни маводи мухаддир низ ҳастанд, ки барои онҳо роҳҳои интиқол ва бозор зарур аст. Гузашта аз ин, дар таркиби Толибон нерӯҳои тундраве аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд ва агар Толибон дар Афғонистон комёб шаванд, тундравҳои Осиёи Марказӣ аз таҷрибаи Толибон илҳом мегиранд ва бо кумаки онҳо аз ҳамон роҳе хоҳанд рафт, ки Толибон паймудаанд.
XS
SM
MD
LG