Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эй сорбон, оҳиста рон..."


Иддае аз сокинон кишвар пешниҳод доранд, ки мақомот бо судури қароре, меъёри суръати ҳаракати мошин дар ҷодаҳои кишварро поин баранд.

Искандар Шоев, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар пайи як садамаи нақлиётӣ осеб дидааст, мегӯяд, худ ва чанд нафар аз дӯстону ҳамсояҳояш, ҳато кӯдакон, бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бархе маъюб ҳам шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз суръати баланди ҳаракати мошинҳо буда, ки боиси сар задани ин ҳаводис шудааст.

Биноан, вай аз мақомоти давлатӣ тақозо дорад, бо назардошти камтаҷрибагии ронандагон, ҷодаҳои вайрону валангор, вазъи нохуби техникии аксари мошинҳо, барои ҳадди ақал то 60 километр дар як соат поин бурдани меъёри баландтарини суръати ҳаракат, тасмим бигиранд.

«Ронандаҳо хеле беаҳамият шуданд. Ҳоло барои ба он сӯйи роҳ гузаштан меҳаросам. «Моргазида аз риштаи ало метарсад» мегӯянд, рост аст. Дар миёни пиёдагардон кӯдакону занон, аробаҳо ҳастанд, ронандагон бояд эҳтиёткор бошанд, бо ҷони пиёдагардон бозӣ накунанд. Аз давлат бисёр мехостам, ки меъёри суръати ҳаракат дар роҳҳоро аз 80 ба 60 километр дар соат поин барад. Зеро ҳоло баъзе ронандаҳо то 120-160 км дар соат ҳам ҳаракат мекунанд, ки хатарнок аст», - афзуд И. Шоев.

Дар ҳамин ҳол, пулиси роҳи Хатлон низ аз ронандагони мошинҳои сабукрав тақозо дорад, ки суръати ҳаракат дар ҷодаҳоро болотар аз меъёр набаранд. Зеро танҳо бар асари суръати баланди ҳаракат дар роҳҳои Хатлон имсол 26 нафар ҳалок ва наздик ба 70 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Муҳибулло Холов, корманди масъули идораи Бозрасии давлатии нақлиётӣ дар вилояти Хатлон, гуфт, танҳо дар пайи амалиёти ахири нозирони пулиси роҳ, ки 10 рӯз идома дошт, қариб 800 мавриди бо суръати баланд рондани мошин сабт шудааст, ки нигаронии мақомот ва пиёдагардонро ба бор овардааст: «Ҳамчунин дар квартали якуми соли 2013-юм 63 садамаи нақлиётӣ рух дода, 26 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки сабабаш, тибқи таҳқиқҳо, баланд будани суръати ҳаракат дар роҳҳо аст. Мо ҳоло дар бораи мусофирон ва пиёдагардони осебдида, ки ба бемористонҳо мунтақил шудаанд, чизе намегӯем.»

Вале таҳлилгарон мегӯянд, иллати афзоиши садамаҳои нақлиётӣ натанҳо дар суръати баланди ҳаракат ва камсаводии ронандаҳо мебошад, балки тангӣ ва харобии роҳҳо, ҳатто ҷодаҳои дохилии шаҳрҳо, низ эҳтимоли сар задани ҳодисаҳоро афзун мегардонад. Солиҷон Комилов, коршиноси маҳаллӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ин иртибот мегӯяд:

«Кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва аксари навоҳии Хатлон дар солҳои 50-уму 60-уми асри гузашта тарҳрезӣ шудаанд. Агар ронандаи собиқадор набошӣ, ҳатман мошинат дар чуқуриҳои роҳ бархӯрда, таъмирталаб мешавад. Аз сӯйи дигар, вазъи техникии мошинҳо, ки аксарашон беш аз 10-15 сол умр доранд, чандон муътадил нест ва афзоиши суръати ҳаракату як каме беэҳтиётӣ мунҷар ба садамаҳо шуда метавонад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони Бозрасии давлатии нақлиётии Хатлон зимни шарҳи иллати садамаҳо, ҳамчунин синну соли ниҳоят ҷавони ронандаҳо, бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва дар ҳоли мастӣ идора кардани мошини сабукравро мисол меоранд.

Саид Юсуфов, ронандаи собиқадоре аз шаҳри Қӯрғонтеппа, низ ба афзоиши шумораи ронандаҳои ба истилоҳи худаш «тасодуфӣ» таъкид мекунад: «Бе шаҳодатномаи ронандагӣ, нохонда, маст сари чанбарак мешинанд. Масъулияти баландро ҳис намекунанд. Ба 18 надаромада, ҷавонон сари мошин мешинанд. Нозирони БДА ҳатто онҳоро намедоранд, боздоранд, ҳам «таға дорем» гуфта, раҳо мехӯранд. Ин оқибати хуб нахоҳад дошт.»

Ба иттилои пулиси роҳ, танҳо дар зарфи 10 рӯзи рейди мошинҳо дар ҷодаҳои Вахшонзамин, беш аз се ҳазор мавриди вайрон кардани қоидаи роҳ, аз ҷумла 117 ҳолати бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва 16 мавриди дар ҳоли мастию мадҳушӣ идора кардани мошинҳои сабукрав сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG