Расонаҳои минтақаӣ менависанд, полиси нақлиёти пойтахти Узбакистон маъракаи ғайрирасмӣ алайҳи дучархасаворҳоро шурӯъ кардааст,зеро мутмаин аст, ки маҳз онҳо боиси садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳр мешаванд. Мақомот гурӯҳи вижаеро таъсис кардаанд, ки дучархасаворони қонуншиканро боздошт ва онҳоро ҷарима мекунад. Бар пояи хабарҳо, баъд аз шурӯи амалиёт дар чанд рӯзи пеш нозирони роҳ даҳҳо велосипедро мусодира карда, аз соҳибони мағозаҳо талаб намуданд, ки фурӯши дучархаҳоро қатъ кунанд.
Мусулмон Худойқулов, як корманди полиси нақлиёти Тошканд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари мусодираи велосипедҳо ва талаби мақомоти маҳаллӣ барои бастани мағозаҳои дучархафурӯширо тайид кард. Аммо ӯ таъкид намуд, ки ҳадафи асосӣ – ҷилавгирӣ аз вайрон кардани қойидаҳои роҳ аз сӯи дучархасаворҳост. «Агар дучархасаворҳо қойидаро вайрон накунанд, ба миёнаи роҳ набароянд ва тибқи нишонаҳои роҳ ҳаракат кунанд, мо онҳоро манъ намекунем. Ва аммо ҷавонони зиёде ҳастанд, ки, аз ҷумла, ҳангоми роҳбандиҳо, қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон мекунанд. Онҳо дар чароғаки сурхи светофор аз роҳ убур мекунанд ва боиси садамаҳои нақлиётӣ мешаванд», мегӯяд ӯ.
Мусулмон Худойқулов аз посух ба суол дар бораи теъдоди садамаҳои нақлиётӣ бо ширкати дучархасаворҳо худдорӣ намуд. Бар пояи иттилои расмӣ, полиси нақлиёти Узбакистон соли гузашта дар кишвар беш аз 3.3 миллион садамаи нақлиётиро сабт кардааст. Ва аммо чӣ миқдор аз ин садамаҳо бо ширкати дучархасаворҳо рӯй додааст, маълум нест.
Ба гуфтаи Мусулмон Худойқулов, соҳиби дучархаҳои мусодирашуда баъд аз пардохти ҷарима метавонанд велосипедҳои худро баргардонанд. Афроди муҷозотшуда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо 26 ҳазор сӯм (тақрибан 13 доллар) ҷарима пардохт кардаанд, ки ба даҳяки маоши миёна дар Узбакистон баробар аст.
Як донишҷӯи донишгоҳ, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ кард, ба мо гуфт, полис ӯро дар маркази шаҳр, дар хиёбони Навоӣ боздошт. Ӯ ба ман гуфт, ки ҳаққи бо дучарха дар шоҳроҳ ҳаракат карданро надорам ва маро ҷарима кард.
Соҳиби як мағоза, ки дар ноҳияи Челонзор дучархаҳоро ба иҷора медиҳад, ба сомонаи noviyvek.uz. гуфтааст, нозирони роҳ велосипедҳои чанд тан аз мизоҷонро қабл аз он ки онҳо савори дучархаҳояшон шаванд мусодира кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони полис дар се мошин омада бидуни пурсуҷӯ дучархаҳоро бо худ бурданд ва онҳоро фақат баъд аз пардохти ҷарима баргардониданд.
Велосипед дар Тошканд ҳарчӣ бештар чун нақлиёти ҳамарӯза истифода мешавад, зеро, ба гуфтаи соҳибонашон, аз як сӯ, он ба маводи сӯхт зарурат надорад ва аз сӯи дигар варзиши хуб барои бадан маҳсуб мешавад. Солҳои ахир дар пойтахти Узбакистон даҳҳо мағозаи фурӯш ва иҷораи дучархаҳо ифтитоҳ шудаанд. Ва аммо ба назар мерасад, ки мақомоти Тошканд барои мутобиқ кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, дар хиёбонҳо гузоштани нишонҳо ва муқаррар кардани роҳи махсус барои дучархасаворҳо шитоб надоранд.
Эргаш, як сокини Тошканд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мехост ба варзиши дучархасаворӣ машғул шавад ва аммо баъд аз амалиёти нозирони роҳ ин фикрро аз сар дур кард. Ӯ дар интернет барои фурӯхтани велосипеди як сол пеш харидааш эълон ҷой кардааст. Дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки «ман мехоҳам аз дучархаам халос шавам, зеро ба назар мерасад дучархасаворӣ дар шаҳри мо ғайриқонунӣ эълон шудааст».