Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаии сарзаминҳои Эрон номзади мақоми президентӣ шуд


Муҳаммад Боқир Харрозӣ, ки бо дидгоҳҳои ҷанҷолбарангезаш дар бораи баргардонидани сарзаминҳои ҷудошуда аз Эрон маъруф аст, худро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар кард.

Муҳаммад Боқир Харрозӣ, дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Эрон рӯзи панҷшанбе ва дар савумин рӯзи сабти номи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Эрон бори дигар гуфт: «Марзҳои меҳани мо фарҳанги илоҳӣ аст, ки аз Чин шуруъ мешавад ва то Африқо идома дорад ва ин ҳамон Форси Бузурги ҷанубӣ аст.»

Сабти номи номзадҳои интихоботи президентии Эрон қарор аст то поёни вақти идории рӯзи шанбеи 11-уми май идома ёбад ва пас аз он Шӯрои Нигаҳбон панҷ рӯз фурсат дорад, то дар бораи салоҳияти довталабон бар асоси меъёрҳои Ҷумҳурии Исломӣ, назари худро эълом намояд.

Ба дунболи савумин рӯзи сабти номи номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ, вазорати умури дохилии Эрон эълом кард, ки дар рӯзи панҷшанбе 99 тан барои ширкат дар интихобот номнависӣ кардаанд ва ҳамакнун шумораи номзадҳо дар поёни рӯз савуми сабти ном, ба 243 тан расид.

Дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ Муҳаммад Боқири Харрозӣ гуфт, агар раисиҷумҳур шавад, тамоми сарзаминҳои аз Эрон ҷудошудаи Тоҷикистону Арманистон ва Озарбойҷонро бидуни «як қатра хунрезӣ» бар хоҳад гардонд.

Даъвои оятуллоҳ Харрозӣ ба вокуниши тунди Душанбеву Ереван ва Боку дучор шуд. Нахустин шуда, ба ин баёния вазорати хориҷаи Тоҷикистон посух дод ва онро бо сифатҳое, ба мисли “саргармии пешазинтихоботӣ”, иддаои “заминҷамъкунӣ”, “моҷароҷӯӣ”, “хилофи воқеъиятҳои асри 21” ва “ҳамла ба истиқлол”-у “навъе мудохила дар умури дохилии Тоҷикистон” қотеъона маҳкум кард.

Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ фарзанди Саид Муҳсини Харрозӣ (узви Шӯрои хибрагон) аст ва бародараш Содиқи Харрозӣ ва амакаш Камоли Харрозӣ мебошанд, ки дар мақоми вазири хориҷаи Эрон кор кардааст.
XS
SM
MD
LG